РАВЗАН р а в з а н а, сӯрохест, ки барои баромадани дуд ё ворид шудани рушноӣ дар девор ё шифти хона мегузоранд. Бо мақсади хушнамуд шудани Равзан онро дар шаклҳои гуногун (чоркунҷа, тоқшакл), сохта, бо панҷараҳои нақшин зинат медиҳанд. Дар танаи манораҳо низ Равзан мегузоранд.