Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАВНАҚИИ БАДАХШОНӢ

РАВНАҚИИ БАДАХШОНӢ

РАВНАҚИИ БАДАХШОНӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Зодгоҳаш Бадахшон. Дар ҳамин ҷо таҳсил карда, ба силки шоирони доираи адабии Бадахшон дохил гардидааст. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо, аз ҷумла «Музаккиргул-аҳбоб»-и Хоҷа Ҳасани Нисории Бухороӣ Равнақии Бадахшонӣ яке аз шуарои боистеъдод ва писандидаи даври худ буд. Аз Равнақии Бадахшонӣ беш аз 250 байти пароканда (ғазалиёт, рубоиҳо, мухаммасу қитъаот ва луғзҳо) тавассути тазкираҳо дастрас гардида­аст. Равнақ аз ҷавру бедоди замона ва аҳволи бади худ шикоят кардааст: Дар Бадахшонаму сад гуна бало бар ҷонам, Кони лаъл аст аз он дидаи хунафшонам. Тараннуми ҳаёт, талқини ғанимат донистани умр, вафову садоқат мавзӯъҳои ашъори Равнақ мебошанд. У. Назиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …