Маълумоти охирин
Главная / Илм / РАВИЯҲОИ ЗАБОНШИНОСӢ

РАВИЯҲОИ ЗАБОНШИНОСӢ

РАВИЯҲОИ ЗАБОНШИНОСӢ , методҳо ва ҷараёнҳо дар омӯзиши за­бон ва таърихи он. Таърихи забоншивосӣ ба чаҳор давра — забоншиносии аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи Эҳё (то асри 18), забоншиносии асри 19 ва забоншиносии имрӯза тақсим мешавад. Дар ҳар давра равияҳо ва ҷараёнҳои махсусе дар омӯзиши забон вуҷуд доштанд. book-1 1)Забоншиносӣ дар дав­раи қадим. Дар ин давра забоншиносӣ дар Ҳинди Қадим, Юнон ва Рим инкишоф ёфт. Ҳанӯз дар асрҳои 8—7 то мелод дар Ҳиндустон доир ба омӯзиши масъалаҳои фонетика, дуруст хондани ведаҳо (ниг. Забони ведӣ) рисолаҳо ба вуҷуд омадаанд. Муҳимтарин асари забоншиносӣ дар Ҳинди Қадим «Ҳашт китоб»-и Панини аст. Давомдиҳандагони кори Панини Вараручи (асри 3 то мелод) ва Патанҷали (асри 2 то мелод) буданд. Дар Юнон масъалаҳои забон аз ҷиҳати фалсафӣ ва грамматикӣ тадқиқ мешуд. Масъалаҳои фалсафии забон (моҳияти номҳо, робитаи байни ашёҳо ва мафдумҳо) дар асарҳои Гераклит, Демокрит, Афлотун ба миён гузошта шуда буданд. Дар асри 2 то мелод байни тарафдорони назарияи аналогия (шабоҳат) ва аномалия (хилофи қоида) баҳс ба миён омад, ки он ба тавсифҳои грамматикӣ таъсир расонд. Филологҳои мактаби Искандария — муаллифони аввалин грамматикаҳои забони юнонӣ Аристарх, Дионисий, Аполоний Дискол (асрҳои 3—2 то мелод) ба масъалаҳои грамматика машғул шуда, онро аз фалсафа ҷудо кардаанд. Нақшаи ба миён овардаи онҳо оид ба таърифи забон, ки фонетика, морфология, синтаксисро алоҳида-алоҳида дар бар мегирифт, аз бисёр ҷиҳат то ҳол нигоҳ дошта мешавад. Ба масъалаҳои этимология стоикҳо — Хриспп (асри 3 то мелол) ва Кратес (асри 2 то мелод) машғул шудаанд. Дар Рими Қадим дар асоси грамматикаи юнонӣ масъалаҳои забони лотинӣ тадқиқ гардид. Марк Терентсий Варрон, Элий Донат, Пристсиан грамматикаи нисбатан мукаммали забони лотиниро тартиб доданд. Грамматикҳои Рими Қадим ба муносибати тадқиқи илми баён (риторика) бори аввал ба масъалаҳои услубиёт даст заданд. 1) Забоншиносӣ дар асрҳои миёна ва давраи Эҳё (то асрҳои 17—18.). Илми асримиёнагӣ доир ба забон махсусан дар Ев­ропа то давраи Эҳё асосан масъалаҳои дар давраи қадим ба миён омадаро мавридн тадқнқ қарор дод. Аз давраи Эҳё доираи масъалаҳо вусъат гирифт: на танҳо забонҳои лотинӣ, юнонӣ ва ибронии қадим, балки бисёр забонҳои Осиё, Афри­ка, Америка низ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Дар Шарқ луғати арабии «Китоб- ул-айн»-и Халили Фароҳидӣ (асри 8), грамматикаи муфассали забони арабии Сибавейҳ (асри 8), «Девони луғат- ут-турк»-и Маҳмуди Дошғариро (асри Ill) ном бурдан мумкин аст. Илми забоншиносии форс-тоҷик низ дар асрҳои миёна хеле ривоҷ ёфт. Махсусан, луғатсозӣ дар Осиёи Миёна ва Ҳиндустон равнақи зиёде дошт.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …