Маълумоти охирин
Главная / Биология / РАВҒАНМОҲӢ

РАВҒАНМОҲӢ

ravghanmohi

РАВҒАНМОҲИ (Gadus morhua), як намуди моҳӣ аз оилаи равғанмоҳиҳост. Дар тахтапушташ 3 ва дар шикамаш 2-то шиноварак дорад. Рангаш зарди сабзтоб ё бӯр буда, холҳои қаҳваранги зардтоб дорад; тарафи шикамаш сафед. Дарозиаш 1,8 м ва вазнаш то 40 кг мешавад. Дар обҳои мӯътадили уқёнусҳои Атлантик ва Ором зиндагӣ мекунад. Якчанд зериамуд дорад. Pавғанмоҳии атлантикӣ, Pавғанмоҳии сафед, Pавғанмоҳии балтик ва ғайра. P.-и атлантикӣ (ниг. расм) дар 5— 9-солагӣ болиғ шуда, тухм мегузорад. Вай барои кофтукови хӯрок ва тухмгузорӣ масофаи зиёдро (то 2 ҳазор км) тай мекунад. Pавғанмоҳии балтик дар 2—3-солагӣ болиғ мешавад. Pавғанмоҳии одатан дар соҳилҳо тухм мегузорад. Моҳичаҳо дар соҳил зиндагӣ карда, зоопланктон ва ҷонварони бемӯҳраи қаъри обро мехӯранд. Равғанмоҳӣ моҳии дарранда аст. Вай моҳиҳои майда, шӯрмоҳӣ ва харчангшаклҳоро мехӯрад. Равғанмоҳӣ яке аз моҳиҳои муҳимтарини саноатӣ ба шумор меравад. Ҷигари он то 57% равған дорад, ки  аз он витаминҳои А ва D мегиранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …