Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАВҒАНИ КУНҶИД

РАВҒАНИ КУНҶИД

РАВҒАНИ КУНҶИД, равғани с и м с и м, навъе аз равғани раста­нист, ки аз дони кунҷид мекашанд.

rav-kunjid

Равғани кунҷид таъми хуш ва бӯи хеле паст дорад. Миқдори кислотаҳои равған (ба ҳисоби %) дар таркиби Равғани кунҷид чунин аст: стеаринат 4—6,5, палмитинат 7—8, миристинат қариб 0,1, арахинат то 1,0, олеинат 35—48, линолат 37—48, гексадетсенат то 0,5. Ҳарорати яхбандии равған аз —3 то —7°С, гоэдиҳии кинематикиаш (133—207). 10-3 м2/сон., адади йодаш 103—117. Дар Равғани кунҷид сезамол (эфири метили оксигидрохинон) мавҷуд аст, ки ҳангоми нигоҳдорӣ сабаби дер вайроншавии равған мегардад.

Равғани кунҷид маҳсулоти хӯрокист, аммо дар он витамини А нест ва вита­мини Е кам аст. Равғани кунҷидро дар қаннодӣ, саноати консерв ва дигар соҳаҳо, инчунин ба мақсадҳои техникӣ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …