Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАВҒАНИ КАНАКУНҶИД

РАВҒАНИ КАНАКУНҶИД

ravghani-kanakunjid

РАВҒАНИ КАНАКУНҶИД, равғани канадона, равғани бе­да н ҷ и р, навъе аз равғани раста­нист, ки аз дони канакунҷид мека­шанд. Равғани моеъ ях намебан­дад; кислотаҳои олеинат (3—9%), линолат (3—5%) ва на камтар аз 80% ритсинолат дорад. Хусусияти ғоздиҳии кинематикии Равғани канакунҷид  баланд (дар 50°С зиёда аз 110 -10-6 м2/сон) аст, ки ин ба зиёдии кислотаи ритсинолатӣ таркиби он вобастагӣ до­рад. Аз дигар равғанҳои растанӣ бо он фарқ мекунад, ки дар спирт нағз ва дар бензин бад ҳал меша­вад. Хосияти шифоии Равғани канакунҷид хеле маълум аст. Дар замонҳои қадим мисриҳо онро барои тайёр кардани равғанҳои молидании гуногун, марҳам ва балзамҳо истифода бурдаанд. Истифодаи Равғани канакунҷид ба сифати доруи исҳол бештар маълум аст. Он дар омехтагии хинин, питумтрин, пахикарпин ва ғайра ҳангоми таваллуд чун василаи муқаввӣ истифода мешавад. Равғанҳои молиданӣ, марҳам ва балзамҳое, ки Равғани канакунҷид доранд, барои муолиҷаи ҷойҳои сӯхта, ҷароҳат, нарм кардани пӯст ва ғайра ба кор мераванд. Илова ба ин, Равғани канакунҷидро дар саноати собунпазӣ, алифпазӣ ва ғайра ба кор мебаранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …