Маълумоти охирин

РАТУША

ratusha

РАТУША, бинои худидоракунии шаҳр дар баъзе мамлакатҳои Европа. Тарзу усули сохтани Ратуша асосан дар асрҳои 12—14 шакл гирифта, унсурҳои санъати меъмории ҳисору калисосозиро низ дар бар мегирад. Ратуша аксаран аз бинои дуқабата иборат буда, дар қабати дуюми он толори маҷлис ва пешайвоне барои муродиат ба аҳолии шаҳр ҷойгирогд. Дар Ратуша инчунин манораи серошёнаи баланд сохта мешуд. Биносозии усули готика барои ба вуҷуд омадани Ратушаҳои немисӣ (масалан, Ратуша дар Штралзунд), ҳамчунин Ратушаҳои Фландрия (Ратуша дар Ауденард), ки бо шукӯҳи худ фарқ мекунанд, асос гардид. Дар асрҳои 16—17 бандубасти Ратуша асоси унсурҳои меъмории давраи Эҳё ва барокко шуд. Дар асрҳои 19 —20 Ратушасозӣ боз авҷ гирифт. Дар Ратуша ҳозира идораҳои маъмурии шаҳрҳои гирифтаанд. Асрҳои 13—14 Ратуша дар вилоятҳои ғарбии Украина, Белоруссия ва Прибалтика сохта мешуданд (масалан, Pатушаи Таллии, асрҳои 14—15).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …