Маълумоти охирин

РАТУ

РАТУ, аҳурату, рат, истилоҳест, ки дар чанд қисмати Авесто («Ясно», «Готҳо», «Яштҳо», «Виспарад», «Вандидод») ба маънии довари динӣ (қозӣ) ва сарвари рӯҳониён омадааст.

avesto

Дар «Готҳо» («Ясио»-и 29, бандҳои 2, 6, 8; 31, банди 2; 33, банди 1) Pатуи ягона ҳамон пайғамбари зардуштия — Зардушт аст, ки осоиши пайравони оини худро таъмин ме­кунад, чарогоҳу киштзор, чорвоёи дорад; Зардушт дар байни қабилаҳои муқимӣ ва бодиянишин дова­ри карда, ҳар ду гурӯҳро ба оромиву осоиш даъват менамояд. Мувофиқи таълимоти Зардушт зироат ва парвариши чорвоён, бояд мақсаду мароми ҳар як фарди ҷамъиятӣ бошад.

Аз «Ясно»-и 33, банди 1 бармеояд, ки Зардушт доварпи худро на танҳо дар ин дунё, балки дар он дунё низ иҷро менамояд. Рӯзи охират Рату (Зардушт) ба пайравони рос­тӣ ва дурӯғпарастон мувофиқи кирдорашон аз рӯи адолат муносибат хоҳад кард.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …