Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСУЛОВ Ҷаббор

РАСУЛОВ Ҷаббор

rasulov-j

РАСУЛОВ Ҷаббор (10. 7. 1913, Хуҷанд—4. 4. 1982, Душанбе), хо­дими партиявӣ ва давлатии советӣ. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ В (1981). Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1939.

Солт 1934 Институти пахтакории Осиёи Миёнаро хатм намудааст. Солҳои 1934 —1938 агроном, 1938 —1941 сардори уп­равления, ҷониши­ни комиссари халқии зироати РСС Тоҷикистон. Солҳои 1941— 1945 намояндаи Комиссариати халқии маҳсулоттайёркунии СССР дар Тоҷикистон, 1945—1946 комиссари халқии зироати РСС Тоҷикистон буд. Соли 1946 вазири зироати техникии РСС Тоҷикистон. Солҳои 1946—1955 Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, 1955—1958 ҷонишини вазири хоҷагии қишлоқи СССР, 1958—1960 котиби КМ ПК Тоҷикистон. Солҳои 1960—1961 сафири фавқулодда

ва мухтори СССР дар Республикаи Того, 1961—1982 котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон.

Дар Съезди 19-уми партия аъзои Комиссияи марказии тафтишоти КПСС, дар съездҳои 22—26-уми пар­тия аъзои КМ КПСС интихоб шуда­аст. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 2—10), депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 2—10). Бо 9 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 3 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Барои абадӣ гардонидани хотираи Расулов совхози «Фахробод»-и pайони Илич, мактаби миёнаи № 22 шаҳри Ленинобод, яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номи ӯ ва дар бинои КМ ПК Тоҷикистон лавҳаи ёдгорӣ гузошта шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …