Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСУЛ РИЗО

РАСУЛ РИЗО

РАСУЛ РИЗО (тахаллусаш; ном ва фамиляаш Расул Иброҳим-ӯғлӣ Р и з о е в. таваллудаш 19. 5. 1910, шаҳри Гӯкчай), нависандаи советии озар. Шоири Халқии Озарбойҷон (1960), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиа­листӣ (1980), Ходими Хизматнишондодаи Санъ­ати РСС Озарбойҷон (1944). Аъзои КПСС аз соли 1939.

Дар ВГИК хондааст (1935—1937). Солҳои 1945—1949 вазири кинематогра­фияи РСС Озарбойҷон, сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Озарбойҷон (1965—1975). Асарҳояш аз соли 1927 нашр мешаванд. Солҳои 20—30 доир ба муборизаи интернатсионалии зидди фашизм ва мустамликадорӣ асарҳо офаридааст (шеърҳои «Баҳори болшевик», «Германия», «Кар­мен», «Сабр кунед, ҷаллодон!» ва ғайра). Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 —1945) маҷмуаҳои шеъру ҳикояҳояш — «Бахтиёр», «Қаҳрамонони абадзинда» (1942), «Ғазаб ва муҳаббат» (1943) ва ғайра нашр шуданд. Соли 1950 достони «Ленин»-ро (Мукофоти давлатии СССР, 1951) офарид. Солҳои 50— 60 дар эҷодиёти Расул Ризо оҳангҳои фалсафӣ қувват гирифт (шеърҳои «Рӯзи санҷиш», «Як рӯзи ҳаёти инсон» ва ғайра). Шеъру асарҳои аз таассуроти сафарҳои хориҷа офаридаи Расул Ризо («Дафтари Ироқ», «Баллада дар бо­раи Виллии сиёҳпӯст», «Хаёлот дар самолёт» ва ғайрп) саршори рӯҳияи интернатсионализми пролетарӣ мебошанд. Муаллифи песаҳои «Вафо» (намоиш 1943) — дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, «Бародарон» (намоиш 1956) — дар бораи мубориза барои Ҳокимияти Советӣ, «Қонун» (1963)—дар бораи одамони оддии Америка ва ғайра. Ба забони озари асарҳои Эсхил, Лопе де Вега, А. С. Пушкин, М. Ю. Лермонтов ва дигаронро тарҷума кардааст. Асарҳои Расул Ризо ба бисёр забонҳо, аз чумла ба то­ҷикӣ тарҷума шудаанд. Раиси ИН Озарбойҷон (1938—1939), Депутати Совети Олии РСС Озарбойҷон (даъватҳои 1, 3—7). Бо 3 ордени Ленин, ордени «Нишони фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ос.: Баҳр, мавҷ ва қатра, Д., 1962; Я —земля, М., 1965; Долгое эхо. Стихии поэмы, М., 1970; Избранное. М., 1975; Пунктиры времени. Стихи и поэмы, М., 1978.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …