Главная / Гуногун / РАСТРЕЛЛИ Варфоломей Варфоломеевич

РАСТРЕЛЛИ Варфоломей Варфоломеевич

rastrelli

РАСТРЕЛЛИ (Rastrelli) Варфоло­мей Варфоломеевич (Бартоломео Франческо) (1700, Париж—1771, Петербург), меъмори рус. Намояндаи барҷастаи услуби барокко дар санъати нимаи асри 18 рус. Аслаш аз Ита­лия, соли 1716 ҳамроҳи падараш — ҳайкалтарош Б. К. Растрелли ба Петербург омадааст. Растреллиҳои 1730—63— меъмори дарбор. Растрелли анъанаҳои услуби бароккоро дар санъати меъмории миллии рус ба авҷи аълояш расонда, шукӯҳу салобат, андозаи дақиқ ва ҷиддияти тарҳи иншооти меъмориро бо нафосату рангубори дилчаспи бино, анбӯҳи муҷассамаҳою ҷузъҳои ороишӣ афзуд. Растрелли дар давраи камолоти эҷодӣ (1740—1750) ва баъди он шоҳасарҳои беназири санъати меъмории рус — Дайри Смолний (1748—1754), Қасри зимистонӣ (1754—1762) Қасри М. И. Воронсов (1749—1757), Қасри С. Г. Строга­нов (1752—1754) дар Петербург, Қасри Калон дар Петергоф (1747—1752; ҳоло Қасри Петр ном дорад), Қасри Екате­рина дар Сарское Село (1752—1757; ҳоло шаҳри Пушкин), як қатор биноҳон маъмурию диниро офаридааст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …