Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСТОРГУЕВА Вера Сергеевна

РАСТОРГУЕВА Вера Сергеевна

РАСТОРГУЕВА Вера Сергеевна (таваллудаш 5. 6. 1912, вилояти Липетск), шарқшинос-эроншиноси советии рус, доктори илмҳои фи­лология (1965), профессори (1969), Хо­дими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1978). Университети давлатии Ленинград (1938) ва аспирантураи Институти забон ва тафаккури АФ СССР-ро хатм намуда, дар вазифаҳои зерин кор кардааст: муаллими Институти давлатии педагогии Сталинобод ва инспектори Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон (1942—1944), дотсенти Университети давлатии Москва (1945 —1953), мудири кафедраи филологияи эронии Институти забонҳои шарқии Унститути давлатии Москва (1953—1956), ҷонишини директори ҳамин институтт (1956—1957). Аз соли 1956 мудири сектори забонҳои эронии Институти забоншиносии АФ СССР. Дар тадқиқи таърихи забон, забони адабии ҳовираи тоҷик ва шеваҳои он (таснифоти шеваҳои забони тоҷикӣ ба чор гурӯҳ ва таҳқиқи хусусиятҳои фонетикӣ, морфологӣ, лексикӣ ва

синтаксисии ин гуруҳҳо) саҳми арзанда дорад. Доир ба забонҳои авестоӣ, форсии миёна (паҳлавӣ) ва забонҳои дигари эропӣ мақола ва монографияҳо таълиф намудааст. Асарҳои ҷомеӣ дуҷилдаи «Таҷрибаи тадқиқи таърихию типологии забонҳои эронӣ» (М., 1975) ва панҷҷилдаи «Асосҳои забоншиносии эронӣ» (ҷилди 1-3, М., 1976—1982) бо роҳбарии Расторгуева таълиф гардидаанд. Чанд асараш ба забонҳои англисӣ, немисӣ, форсӣ ва ғайра тарҷума шудааст. Дар тайёр кардани кадрҳои илмии Тоҷикистон хизмати шоиста дорад.

Ос.: Очерки по таджикской диалек­тологии, в.. 1—5, М., 1952—63; Краткий очерк фонетики таджикского языка, Сталинавад, 1955; Система таджикского глагола, М., 1964 (ҳамроҳи А. Каримо­ва); Опыт сравнительного изучения таджикских говоров, М., 1964; Средне­персидский язык, М., 1966.

Р. Ғаффоров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …