Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РАСТАНИПАРВАРӢ

РАСТАНИПАРВАРӢ

РАСТАНИПАРВАРӢ, 1) як соҳаи муҳимми хоҷагии қишлоқро гӯянд, ки зимни парвариши растаниҳои кишта аҳолиро бо озуқаворӣ, чорводориро бо хӯрок, бисёр соҳаҳои саноат (саноати хӯрокворӣ, бофандагӣ, дорусозӣ, атриёт ва ғайра)-ро бо ашёи хоми растанигӣ таъмин мекунад. Бо чорводорӣ алоқаи мустаҳкам дорад. Растанипарварӣ чунин соҳаҳоро дар бар мегирад: деҳқонӣ, сабзавоткорӣ, боғдорӣ, токдорӣ, марғзордорӣ, ҷангалпарварӣ, гулпарварӣ.

rast

2) Илмест, ки растаниҳои кишта ва усулҳои парвариши онҳоро меомӯзад (бо мақсади гирифтани ҳосили баланди хушсифат). Растанипарварӣ ҳамчун илм бо деҳқонӣ айният дорад. Растанипарварӣ яке аз илмҳои агрономист. Бо хокшиносӣ, деҳқонӣ, селексияи растанӣ, метеорологияи хоҷагии қишлоқ, физиоло­гия, биохимия, генетикаи растанӣ, микробиологияи хоҷагии қишлоқ, агрофизика, агрохимия узван алоқаманд аст. Ҳадафи тадқиқи Растанипарварӣ: зироати хоҷагии қишлоқ (намуд, ҷинс, навъ, дурага — гибрид), биология ва талаботи он ба муҳити маҳал — шароити агроэкологӣ. Дар ҷаҳон қариб 1000 намуд (бидуни растаниҳои доруӣ ва ороишӣ), дар СССР қариб 400 намуд ва тақрибан 5000 навъу дурагаи растаниро мепарваранд. Растанипарварӣ хусусиятҳои биологии растаниҳои ҷудогона, давомати давраи нашви зироати хоҷагии қишлоқ, усулҳои сабзишу инкишоф, давраҳои муттасили наше ва морфогенез, динамикаи инкишофи реша ва сатҳи ассимилятсиякунанда, ғуншавии моддаҳои хушк, ташаккули узву қисмҳои дар хоҷаги истифодашавандаи растанӣ, мубодилаи моддаҳо, мизони обуғизо, сармобардорӣ, хушкитобоварӣ, шӯрбардорӣ ва ғайраро меомӯзад. Ҳангоми омӯзиши хусусиятҳои экологии зироати хоҷагии қишлоқ Растанипарварӣ омилҳои иқли­му хоки ноҳияи хоҷагии қишлоқро санҷида, алоқаи тарафайни зироати хоҷагии қишлоқ ва шароити муҳити маҳалро муайян мекунад.

Вазифаҳои асосии Растанипарварӣ: коркард ва такмили технологияи пар­вариши навъҳои серҳосил; тадқиқи ба беобӣ, ҳарорати пасту баланд, шӯрхок тобоварии растанӣ, таҳия кардан ва ҷорӣ намудани системаи интегратсионии муҳофизати растанӣ аз касалӣ ва зараррасонҳо; ҳосил кардани навъи бештар самарабахши нурӣ; мелноратсияи замин; тадқиқи минбаъдаи асосҳои физиологиву биохимиявӣ ва генетикии им­мунитет; такмили усулҳои пешгӯии ҳосил; дарёфти усулҳои ҳаматарафа механиконии парвариши зироатҳои хоҷагии қишлоқ.

Таърихи растанипарварӣ бо тараққиёти табиатшиносӣ, деҳқонӣ ва агрономия узван алоқаманд аст. Растанипарварӣ ҳамчун илм аз навиштаҷоти аввалине ибтидо гирифтааст, ки ба хоҷагидории хоҷагии қишлоқ оиданд. “Деҳқони”-и Катони Калонӣ (234—149 то мелод), 3 китоби «Дар бораи хоҷагии қишлоқ»-и Варрон (116—27 то мелод), «Таърихи табиат дар 37 китоб»-и Плипийи Калонӣ (23—79 мелод), 12 китоби «Дар бораи хоҷагии қишлоқ»-и Колумелли (асри 1), ки дар Рими Қадим эҷод шудаанд, аз қабили онҳоанд. Дар ин асарҳо бори аввал зарурияти аз рӯи шароитҳои табиӣ ва хусусиятҳои растанӣ ба кор бурдани

усулҳои агротехникӣ таъкид шуда­аст. Тоҷикон аз қадимулайём ба Растанипарварӣ шуғл доштанд. Дар Авесто (асрҳои 10—6 то мелод) оид ба заминдорӣ, ғаллакорӣ, току боғдорӣ, обёрии заминҳои лалмӣ, хушконидани шибарзамин, поруандозӣ, кишти алафҳои хӯроки чорво ва ғайра маълумоти гаронбаҳо дода шудааст.

Растанипарварӣ дар хориҷа. Навъҳои паканаи гандуми баҳори дар Мексика, Ҳиндустон, ИМА ва Покистон рӯянда ва биринҷ (дар Япо­ния) аз ҷумлаи бузургтарин комёбиҳои илми хоҷагии қишлоқ мебошанд. Ин навъҳои растанӣ пояи кӯтоҳи бақувват ва хӯшаи калон дошта, дар сурати обёрӣ ва истифода бурдани нурии фаровон ҳосили баланд медиҳанд. Ба тадқиқоти назарии ташаккули ҳосили баланду устувор, аз он ҷумла проблемаҳои баланд бардоштани ҳосилнокии фотосинтезин кишт диққати калон дода мешавад. Усулҳои генетикии бавуҷудории навъҳои ба туршии хок, шӯрхок, беобӣ тобоварро (Канада) меҷӯянд. Тариқи танзими сабзиш, инкишоф ва ташаккули меваи растанӣ бо ёрии моддаҳои фаъоли физиологӣ (ИМА, Брита­ниеи Кабир, РФГ, Япония ва ғайра), обёрии иловагӣ дар минтақаҳои намиаш мӯътадил, бо мақсадҳои гуногун истифода бурдани системаи борони сунъӣ — пошидани нӯрӣ, моддаҳои муҳофизии растанӣ, паст намудани ҳарорати ҳаво (РДГ, РХЯ, РСЧС, мамлакатҳои Скандинавия, Франсия), шудгори самарабахши хок ва муҳофизати хок аз эрозия, баланд бардоштани самаранокии чарогоҳҳои табиию киштӣ ва ғайра тадқиқ мешаванд. Муассисаҳое, ки дар мамлакатҳои хориҷӣ дар соҳаи Растанипарварӣ тадқиқоти илмӣ мебаранд, инҳоянд: маркази тадқиқоти  агрономӣ (Версал, Франсия), институти тадқиқоти ил­мии растанипарварӣ (Оттава, Кана­да) ; институти тадқиқоти илмии растанипарварӣ ва тухмипарварӣ (Браун­швейг — Фолкенроде, РФГ); институти миллии тадқиқоти илмии хоҷагии қишлоқ (Токио, Япония); институти хоҷагии қишлоқ (Нови-Сад, Югославия); институтҳои тадқиқоти ил­мии токдорӣ ва майкашӣ (Плевей, Булгория); гандум ва офтобпараст (Толбухин, Булгория); институти тадқиқоти илмии зироат ва растанипарварӣ (Мюнхеберг, РДГ) ва ғайра Мақолаву асарҳои илмӣ оид ба Растанипарварӣ дар нашрияҳои даврии «Journal of the Royal Agricultural Society of Eng­land (L., аз 1810), «Journal of Ag­ricultural Science (Camb., аз 1905), «Crop Science» (Madison, аз 1961) ва ғайра чоп мешаванд.

Ад.:       Зироатҳои хӯроки чорво дар Тоҷикистон, Д., 1965;

Қ о с и м о в Ҷ. Қ. [ва диг.], Зироатқои Тоҷикистон, Д., 1975; Тимирязев К. А., Земледелие и физиология растений, Избр. сом., т. 1, М., 1957; Прянишников Д. Н., Частное земледелие, М.—Л., 1931; Кор­нилов А. А., Биологические основы высоких урожаев зерновых культур, М.,

1968; Жуковский П. М., Культурные растения и их сородичи, Л., 1971; Рас­тениеводство, М., 1975.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …