Маълумоти охирин
Главная / Биология / РАСТАНИҲОИ ВИТАМИНДОР

РАСТАНИҲОИ ВИТАМИНДОР

РАСТАНИҲОИ ВИТАМИНДОР, растаниҳоеанд, ки чун ашёи хом ба­рои истеҳсоли витаминҳо (холис ё консентрат) истифода мешаванд ё организме одам ва ҳайвонотро бо витаминҳо таъмин мекунанд. Ба­рои организми одам дар як шаборӯз 200—250 мг витамин лозим аст. Растаниҳои провитаминдор (п р о витаминҳо моддаҳоеанд, ки дар организми қайвон ба витаминҳо табдил меёбанд) низ Растаниҳои витаминдор мебошавд. Масалан, растание витамини А надорад, аммо дар он каро­тин ғун мешавад, ки дар организм ба витамини А табдил меёбад. Ви­тамини Д ҳам дар растанӣ ҳосил намешавад, вале эрогтеринҳо дорад. Дар саноат аз эрогтеринҳо витамини Д. ҳосил мекунанд. Дар организми одам ва ҳайвонот ҳам эрогтеринҳо манбаи витамини Д мебошапд. Витаминҳо асосан дар ҳуҷайраи растаниҳо ҳосил меша­ванд. Синтеаи витаминҳо дар барги сабз оғоз меёбад. Миқдори ви­тамини растаниҳо ҳар хел аст.

vitaminy

Каротин (провитамини А) қариб дар тамоми растаниҳои дараҷаи олӣ ҳосил мешавад. Меваи зарду сурх ва бехмеваи рангноки растана барои одам манбаи каротин аст. Масалан, бохии сурх 18 мг% ка­ротин дорад. Махсусан ҷаъфарӣ, баргкарам, испалох, шилха, писан сабз, карафс, лӯбиё, боқилои сабз, навъҳои ширини қаламфур, поми­дор, каду, зардолу, олу, настаран, ангат ва ғайра соркаротинанд. Меваи настаранс, ки дар Тоҷикистон мерӯяд (Rosa beggeriana, R. huntica, R. samarcandica, R. iedtschcnkoana ва ғайра) 20—80 мг% каротин дорад. Зироати хӯроки чорво — юнучқа, себарга, ҷорӯбак, арзанак ва ғайра низ серкаротин аст. Каротин асо­сан дар барг, реша, мева ва баъзан дар гул (масалан, гули ҳамешабаҳор) мешавад.

Витаминҳои комплекси В ҳам дар растаниҳо бисёранд. Дар саноат консентрати витаминҳои В1, В2 ва РР-ро аз ҷанини ғалладона мегиранд. Витамини РР дар занбӯруғҳои хурданӣ низ бисёр аст. Витамини В6 ва биотинро аз хамирмояи нонпазӣ ва пиво меги­ранд. Витамини В12дар обсабзҳои кабуд, актиномисетҳо ва баъэе бактерияҳо бисёр аст. Витамини В15 бошад, бештар дар тухми растаниҳо мешавад.

Витамини С (кислотам аскор- бин) дар таркиби қариб тамоми растайиҳои дараҷаи олй ҳосил ме­шавад. Витамини С асосан дар барг ва қисман дар решаву поя ва мева ғун мегардад. Вале витамина С дар меваи баъзе растаниҳо (пастаран, актинидия, сиёҳқот ва чормағзи хом) назар ба барги онҳо зиёд аст. Одам миқдори зарурии витамини С-ро асосан бо мева ва сабзавот, алалхусус картошка (витаминаш кам бошад ҳам) истеъмол мекунад. Витамини С-и холис­ро аз настаран ва коисентрати онро аз чормағзи хом, қаламфури сурх, сиёҳқот, ангат ва ғайра меги­ранд. Дар Тоҷикистон 18 намуди настаран мерӯяд. Меваи онҳо хело сервитаминанд (аз 0,5 то 13,3% витамини С доранд). Меваи баъзе намудҳои настарани республика назар ба меваҳои сервитамини маъмули чормағз ва челон 7 маротиба зиёдтар витамини С (челони мазрӯъ 40—50 мг% ва чормағаи пухтагӣ 370 мг%) дорад. Гиёҳи худрӯи ревоҷ (чукрӣ) низ сервитамин мебошад (дар думчаи баргаш 59—258 мг% витамини С ҳаст). Дар зирк (Berberis heterobptrys, В. nummularia, В. oblonga) бошад, миқдори витамини С аз 77 то 320 мг% мерасад. Марминҷон (Rubus caesius) 48—81% витамини С дорад. Дар шароити Тоҷикистон шоҳтути заминӣ (навъҳои «Викто­рия», «Мысовка», «Саксонка», «Зигер» ва ғайра) низ сервитамин (аз 21 то 103,5 мг% витамини С дорад) мешавад.

Стеринҳо (провитамини Д) дар тамоми растаннҳо ҳосил мешаванд. 0,5—0,6%-и равғани растанӣ аз стеринқост. Провитамини Д.-ро, ки аз таъсири нури ултрабунафш ба витамини Д табдил меёбад, аз хамирмоя ва занбӯруғ мегиранд. Витамини Б (такоферол) дар бисёр растаниҳо, махсусан дар данини дони баъзе хӯшадорҳо, бисёр аст. Дар саноат консентрати вита­мини Б-ро асосан аз ҷанини дони гандум мегиранд. Дар чормағзи за­минӣi, нахӯд, ҷуворимакка, соя, пахта, кунҷид ва барги коҳуву тар­хун низ витамини Б бисёр аст. Карам, испанох, кастона, сабзӣ, ка­ду, ғубайро (четан), помидор ва ғайра аз витамини К бой аст. Витами­ни Р дар настаран ва растаниҳои ситрусӣ бештар ғун мешавад.

Ад.: Букин В. Н., Витамины, М — Л., 1941; Рожков М. И., Смирнов Н. Е., Витаминные растения, М., 1956; Овчаров К. Б., Витамины растений, М., 1964; В и г о р о в Л. И., витамины на ветках, Свердловск, 1969; Трофи­мова Е. П., Содержание витаминов в яблоках и грушах Таджикистана, «Тр. 4 Всесоюзного семинара по биоло­гически активным веществам плодов и ягод», Свердловск, 1972.

М. М. Икрамова, Е. П. Трофимова.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …