Маълумоти охирин
Главная / Биология / РАСТАНИҲОИ РАНГДОР

РАСТАНИҲОИ РАНГДОР

r-rangdor

РАСТАНИҲОИ РАНГДОР, растаниҳоеро гӯянд, ки дар узвҳо (реша, поя, барг, гул, мева, тухм) ва бофтаҳои онҳо, (чӯб, пӯстлох) моддаҳои рангвор — пигментеро ҳосилу ғун мешаванд. Дар табиат Растаниҳои рангдор ниҳоят бисёранд. Растаниҳо зиёда аз 2 ҳазор хел моддаҳои ранги доранд, ва­ле ҳамагӣ 100 навъи онҳо истифода мешаванд. Аксари пигментҳо дар об, баъзеашон дар ҳалкунандаҳои органикӣ ва равғанҳо ҳал мешаванд. Онҳоро аз ашёи растанигӣ асосан бо роҳи қиём кардан, афшурдан ва бо усулҳои биохимиявию химиявӣ мегиранд. Растаниҳои рангдор асосии СССР ва аз ҷумла РСС Тоҷикистон инҳоанд: арча — Juniperus (сабз), бехпиёз — Allium сера (ҷигарӣ), чормағз — Juglans regia (ҷигарӣ, зард), шилха — Rumex (зард), испарак — Delphinium biternatum, D semibarbatum (зард), зирк—Berberis (зард), испанд—Peganum harmala (cypx), татум — Rhus coriaria (cypx, зард), анор — Punica granatum (зарди сабзтоб), рӯян — Rubia tinciorum (cypx), бахмалгул — Tagetes erecta (норанҷӣ), ҳамешабаҳор — Calendula offi­cinalis (норанҷӣ), ангурак — Rhamnus cathartica (ҷигарӣ), асирак — Reseda luleola (зард) ва ғайра. Растаниҳои рангдорpo аз қадимулайём дар раггрезии мӯина, пӯст, гилем ва матоъҳои гуногун истифода мебурданд. Баробари тарақкии саноатн химия, алалхусус баъди синтези анилин, миқёси истифодаи Растаниҳои рангдор маҳдуд гардид. Вале рангҳои табиии кампеш (аз пӯстлохи дарахти кампешӣ — Haematoxylon campeschianum), квертсит­рон (пӯстлохи булути даббоғӣ — Quercus tinctoria), aниато ё ор­леан (тухми латтаи бикс—Bixa orellana), нил (гиёҳи пил — Indigofere tinctoria) ва баъзе дигарҳо алҳол аҳамияти калон доранд. Рангҳои табиие, ки аз Растаниҳои рангдор мегиранд, махсусан дар саноати хӯрокворӣ барои рангнок кардани равған, панир, маҳсулоти қаннодӣ ва ҳар гу­на нӯшокиҳо аҳамияти калон до­ранд.

Ад.: Федоров А. А., Розен Б. Я., Красильные растения СССР, дар кит.: Растительное сырье СССР, т. 1, М.—Л., 1950.А. А. Мадаминов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …