Маълумоти охирин
Главная / Биология / РАСТАНИҲОИ ПОЛИЗӢ

РАСТАНИҲОИ ПОЛИЗӢ

r-polezi

РАСТАНИҲОИ ПОЛИЗӢ, зироати полизӣ, растаниҳои палакӣ, баёра, палак, наҷм, як гурӯҳ растаниҳои кишта, ки ба ои­лаи кадуҳо (каду, тарбуз, харбуза) тааллуқ доранд. Палаки Растаниҳои полизӣ хазида месабзанд ё ба ягон чиз часпида мебарояд. Мамлакатҳои тро­пикиву субтропикӣ — Осиё, Африка ва Америка ватани аслии Растаниҳои полизианд. Палак растении гармпарвар буда, давраи пашъунамояи тӯлонист. Дар заминҳои бекорхобида, навкорам ё замини киштгардон хуб нумӯ мекунад, ба камобӣ тобовар аст. Ноҳияҳои асосии обчакорб дар СССР инҳоянд: Поволжияи Поён (вилоятҳои Аштархон, Волгоград, Саратов), Кавкази Шимолӣ, қисми дашти Украи­на, Осиёи Миёна, Қазоқистон, Закавказия ва Молдавия. СССР аз рӯи миқёси полиз ва ҷамъоварии ҳосили умумии Растаниҳои полизӣ (соле зиёда аз 600 ҳазор га) дар ҷаҳон ҷои 1-умро мегирад. Ҳосили Растаниҳои полизӣ маҳсулоти муҳими хӯрокворист; барои тархӯрӣ (харбуза, тарбуз), инчунин пухта, зирбонда, очоронида (каду) истифода мебаранд. Харбузақоқ низ хеле маъмул аст. Растаниҳои полизӣ (каду, таррак, говтарбуз, харбуза) барои чорво низ хӯроквории хубанд. Ба Растаниҳои полизӣ коду хошок ва ҷуворимакка ҳамроҳ кар­да, силоси хушхӯру серғизо тайёр мекунанд. Аз тухми онҳо (тарбуз, харбуза, каду) равған мекашанд. Дони кадуро дар тиб чун давои киҷҷакуш ба кор мебаранд.

Ад.: Сабзавоткорин Тоҷикистон, Д., 1972; Белик В. Ф., Бахчевые культу­ры, М., 1957; Бахчеводство, М., 1959; Бахчевые культуры, т. 3. М., 1965; Спра­вочник огефодника, Алма-Ата, 1975.

А. А. Мадаминов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …