Маълумоти охирин
Главная / Биология / РАСТАНИҲОИ КАУЧУКДОР

РАСТАНИҲОИ КАУЧУКДОР

rastani

РАСТАНИҲОИ КАУЧУКДОР, растаниҳоеро гӯянд, ки дар баъзе узвҳои худ каучуки табиӣ доранд. Растаниҳои каучукдорро вобаста ба он, ки каучук дар кадом бофтаи онҳо рӯй мегардад ба латексӣ (каучук дар шираи ширмонанд — латекс мешавад), паренхимӣ (дар паренхимаи танаю реша), хлоренхимӣ (дар бофтаҳои сабзи навдаҳои наврасу баргҳо) ҷудо мекунанд. Растаниҳои латексие, ки нисбатан зиёдтар каучук доранду евро ба осонӣ аз худ ҷудо мекунанд, аҳамияти саноатӣ доранд. Аҳамиятноктарини ин навъ растаниҳо гевеяи бразилист, ки аз он 95% каучуки табиии ҷаҳонро ҳосил мекунанд. 5% дигари коучукро аз дарахтони латексии тропикии ҷинси сапиум ва маниок (оилаи ширгиёҳиҳо ё зарбатиҳо), инчунин аз растаниҳои ҷинси тутаичиру кастилла (оилаи тутиҳо) ва ғайраҳо мегиранд. Дар решаи гиёҳҳои каучукдори латексии оилаи мураккабгулҳо (тоғсақич, кӯксақич, қримсақич ва ғайр), ки дар минтақаҳои иқлимаш мӯътадил, аз он ҷумла дар СССР мерӯянд, каучук кам аст ва онҳо аҳамияти саноатӣ надоранд.

Ад.: И л ь и н М. Мм Якимов IT. Л., Каучуконосы и гуттаперче носы СССР, дар кит.: Растительное сырье СССР, т. 1, М.—Л., 1950; Жуковский П. М., Культурные растения и их сородичи. Л., 1964; С и н я г и н И. И., Тропическое земледелие, М., 1968.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …