Маълумоти охирин
Главная / Техника / РАСТАИ АМАЛИЁТИ ПАЙДАРҲАМ

РАСТАИ АМАЛИЁТИ ПАЙДАРҲАМ

rastai-avtomati

РАСТАИ АМАЛИЁТИ ПАЙДАРҲАМ, маҷмуи мошинҳоеро гӯянд, ки бо ҳам алоқаманд буда, мувофиқан ба як ритми муштарак аз рӯи просесси ягонаи технологӣ амал мекунанд. Ҷойҳои кор бошанд аз рӯи тартиби просесси технологӣ муқаррар карда мешаванд. Растаи амалиёти пайдарҳам ба иҷрои як ё якчанд амалиёт мувофиқ кунонда мешавад. Растаи амалиёти пайдарҳамро ҷиҳозонда, растаи ав­томатӣ бунёд кардан мумкин аст. Растаи амалиёти пайдарҳам се навъ мешавад, ф а р д (барои коркарди як детал), қ ӯ ш а (барои коркарди яквақтаи 2 детал) ва гурӯҳӣ (барои кор­карди яквақтаи чандин детал ва аз рӯи тартиби муайян тайёр кардани онҳо). Дар Растаи амалиёти пайдарҳами корхонаҳои саноатии СССР одатан ҳамагуна корҳо: коркарди механикӣ, кафшер, рехтагарӣ, одатан бо тазйиқ шустушӯ, рангубор ва ғайра ба амал бароварда мешаванд, ки инро ҳангоми тартиб додани лоиҳаи мошинҳо ба назар мегиранд. Дар мошинсозӣ муттасилии просесси тайёр кардани маснуот бо роҳи дар ҳар як Растаи амалиёти пайдарҳам  мувофиқи ҷараёни кор ҷо ба ҷо гузоштани таҷҳизот ва нисбат ба ҳамдигар дуруст ҷой додани Растаи амалиёти пайдарҳами коркар­ди деталҳо ва васлгарии маснуот таъмин карда мешавад. Растаи амалиёти пайдарҳам муттасилии просесси технологӣ ва механиконии онро таъмин мекунад ва ҳосилнокии меҳнатро баланд мебардорад. Ҳосилнокии меҳин (максимали)-и Растаи амалиёти пайдарҳам ҳангоми истеҳсоли оммавии маснуот ба даст меояд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …