Маълумоти охирин

РАСТА

РАСТА, саф ё қатори дӯконҳои бозорро гӯянд. Дар Осиёи Миёна ва дигар мамлакатҳои Шарқ аз давраҳои қадим cap карда дӯконҳо мувофиқи навъи молҳояшон ба Растаҳо ҷудо мешуданд. Ҳар кадоми Раста вобаста ба чизи фурӯхта мешудагиаш номи махсусе (ба монанди Растаи атторӣ, Pастаи заргарӣ ва ғайра) ба худ мегирафт. Раста ҳоло ҳам дар бозорҳои дигар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ мушоҳида мешавад. Дар мо қаторҳои махсуси чарчинфурӯшии бозор ва ярмаркаҳоро Раста гуфтан мумкин аст.

bozor

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …