Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / РЕСПУБЛИКАИ АВТОНОМИИ СОВЕТИИ СОТСИАЛИСТИИ ТУРКИСТОН (РАССТ)

РЕСПУБЛИКАИ АВТОНОМИИ СОВЕТИИ СОТСИАЛИСТИИ ТУРКИСТОН (РАССТ)

РЕСПУБЛИКАИ АВТОНОМИИ СОВЕТИИ СОТСИАЛИСТИИ ТУРКИСТОН (РАССТ), дар ҳайати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия (1918—24), аввалин давлати советӣ дар Осиёи Миёна, ки онро 30 апрели 1918 Съезди 5-уми Умумитуркистонии Советҳо (20 апрели—1 маи 1918) дар Тошкент эълон намуд. Съезд инчунин «Низомномаи Республикаи Советии Туркистон»-ро тасдиқ кард, Комитети Иҷроияи Марказии (раисонаш П. А. Кобозев ва А. Ф. Солкин) ва Совети Комиссарони Халқ (раисаш Ф. И. Колесов)-ро интихоб намуд. Съезди 6-уми фавқулоддаи Советҳои Республикаи Туркистон (5—14 октябри 1918) Конститусияи Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон РАССТ-ро қабул кард. Пойтахташ шаҳри Тошкент.

sovietcentralasia1922ru-svg

Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон РАССТ дар территорияи Туркистони Ғарбӣ таъсис ёфт. Территорияи он (ба ғайр аз Бухоро ва Хева) 1705,4 ҳазҳр килоиетр2 буда, 5230 ҳазор; нафар (мувофиқи барӯйхатгирии соли 1920) аҳолӣ дошт, ки аз он 41,% ӯзбекҳо, 13,3% қазоқҳо, 10,8% қирғизҳо, 7,7% тоҷикҳо, 4,7 туркманҳо, 1,4 қароқалпоқҳо ва 12,7%-ро дигар халқҳо ташкил медиҳад. Зиёда аз 85% ахолӣ дар деҳот зигдагӣ мекард. 2/3 ҳиссаи тамоми маҳсулоти республикаро хоҷаги қишлоқ медод. Баҳори 1918 дар Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон РАССТ соҳаҳои асосии саноат (пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, истеҳсоли маъдаиҳои кӯҳӣ ва ғайра), банкҳо, роҳҳои оҳан миллӣ кунонида шуданд. Декрети ленинӣ дар бораи замин ба амал бароварда мешуд. 17—25 июни 1918 Съезди 1-уми ташкилотҳои болшевикии Туркистон барно гардид, ки он Партияи Коммунистии Туркистон (ПКТ)-ро ҳамчун қисми таркибии Российская Коммунистическая Партия (большевиков) РКП (б) аз ҷиҳати ташкилӣ ба расмият даровард. Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон РАССТ дар рафти Ҷанги гражданӣ (1918—20) аз Россияи Марказӣ канда шуда буд.

Армияи Сурхи Туркистон ташкил карда шуд. Комитети Марказии Российская Коммунистическая Партия (большевиков) РКП(б) ва ҳукумати Республикаи Советии Федеративии Социалистии Россия РСФСР ба меҳнаткашони Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон РАССТ дар муборизаи зидди интервентҳо ва контрреволютсионерони дохилӣ ёрии иқтисодӣ, ҳарбӣ ва сиёсӣ расонданд. Дивизияи якуми Фронти Туркистон ба торумори қувваҳои мусаллаҳи зидди Советӣ дар Закаспий, дивизияи дуюм ба нест кардани босмачиёни  Фарғона ва дивизияи сеюм ба муқобили казакҳои сафеди Ҳафтрӯд сафарбар карда шуданд. Сентябри 1919 қӯшунҳои советии фронти Туркистон (фармондеҳ М. В. Фрунзе, аъзои СҲР В. В. Куйбышев) муҳосираи душ-манро рахна карда, алоқаи Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон РАССТ-ро бо Россияи Маркаай барқарор намуданд. Окт. 1919 Комиссияи ТуР” кистояии Комитети Иҷроияи Маркази КИМ-и Умумироссия ва Совети Комиссарини Халқ Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР таъсис шуд, ки он дар мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советь дар Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон РАССТ ва ҷорӣ кардани сиёсати миллии ленинь роли муҳим бозид. 24 сентябри 1920 Съезди 9-уми Советҳои Умумитуркистонӣ Конститутсияи нави Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон РАССТ-ро тасдиқ кард, ки онро Комитети Иҷроияи Маркази КИМ-и Умумироссия бо қарори худ аз 11 апрели 1921 «Дар бораи ташкилёбии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон» тасдиқ намуд. 20 апрели 1921 Комитети Иҷроияи Марказии КИМ Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон РАССТ дар бораи иваз намудани развёрсткаи озуқа ба андози озуқа қарор қабул кард.

Бо қарори Съезди 5-уми Партияи КоммунистииТуркистон (сентябри 1920) дар деҳот ташкилотҳои синфии деҳқонони меҳнаткаш ташкил карда шуданд, ки онҳо дар Иттифоқи қӯшчӣ муттаҳид гардиданд.

Бо иштироки Иттифоқи қӯшчӣ солҳои 1921—22 дар Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон РАССТ ислоҳоти обу замин сар шуд, ки дар натиҷаи он 13 ҳазор деҳқони камзамину безамин 232 ҳазор десятина замини заминдорони маҳаллиро тақсим карда гирифтанд. То соли 1921 дар ҷабҳаи ҳаёти хоҷагӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсӣ як қатор муваффақиятҳо ба даст омаданд, марказҳои асосии босмачигарӣ барҳам дода шуданд, Советҳо мустаҳ-кам гардиданд, кадрҳои миллии партиявӣ ва советӣ ба камол расиданд.

2/3 қисми киштзорҳо барқарор карда шуд, саноат ва савдо равнақ ёфт. Сохтомни маданияти сотсиалистӣ авҷ гирифт. Маҳвӣ бесаводӣ сар шуд.  Мактабҳои олӣ, миёна ва махсус кушода шуданд. Соли 1920 бо декрети ОКХ Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР, ки Владимир  Илич Ленин имзо кардааст, Университети давлатии Туркистон (ҳоло Университети давлатии Тошкент) кушода шуд. 74 китобхонаи калон, 2 музей ба кор даромад. Соли 1924 53 газетаи республикавию маҳаллӣ нашр мегардид. Аз Россияи Марказӣ ба Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон РАССТ омӯзгорон, коркунони илмӣ, инчунин китобу асбобҳои таълимӣ фиристода мешуд.

27 октябри 1924 дар натиҷаи гузаронидани таъиноти миллӣ-давлатии республикаҳои советии Осиёи Миёна Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон РАССТ, барҳам дода шуд.

Адабиёт.: Резолютсия и постановления съездов Коммунистической  партии Туркестана (1918—24 год), Ташкент, 1968; Уразаев Ш. А., Туркестанская Автономная Советская СоциалистическаяРеспублика и её государственные особенности, Ташкент, 1968; Т у р с у н о в X. Т., Национальная политика Коммунистической партии в Туркестане (1917—24 г.), Ташкент, 1971; Иноятов X. Ш., Победа Советской власти в Туркестане, Москва, 1973.

О. Маҷлисов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …