Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАССЕЛ Бертран

РАССЕЛ Бертран

rassel-bertran

РАССЕЛ Бертран (18. 5. 1872, Треллек, Уэлс — 2. 2. 1970. Пенриндайдрайт, Уэлс), файласуф, мантиқшинос, математик, сотсиолог ва ходими ҷамъиятии англис. Университети Кембриҷро соли 1894 хатм кард. Солҳои 1910—1916 профессор ҳамин донишкада ва минбаъд университетҳои Британияи Кабир ва ИМА низ буд. Аз соли 1908 аъзои Ҷамъияти подшоҳии Лондон. Соли 1919 ба Россияи Советӣ сафар кард. Муаллифи асарҳои зиёде доир ба масъалаҳои фалсафии табиатшиносӣ. Дар инкишофи мантиқи математикӣ саҳми арзанда гузошта, назарияи маърифатро бо таҳлили мантиқӣ омехт. Таҳаввули афкори фалсафии Рассел ба тағйири барномаи истифодаи воситаҳои мантиқи математикӣ дар таҳқиқи назарияи маърифат вобаста аст. Рассел ҳамчунин асосгузори таълимоти атомизми мантиқӣ ва таҳлили мантиқии фалсафа, неореализм ва неопозитивизми англис мебошад. Рассел бо вучуди идеалисти объективӣ будан, масъалаи асосии фалсафаро аз мавқеи идеализми субъективӣ шарҳ дод. Назарияи материалистии инъикосро напазируфта бошад ҳам зидди дин баромада, ақидаи атеистиро тарафдорӣ намуд. Рассел мантиқи муносибатҳоро инкишоф ва забони рамзҳои мантиқиро такмил дод. Дар ибтидои аср Рассел ҳамроҳи Уайтҳед кӯшид, ки математикаро аз ҷиҳати мантиқӣ асоснок кунад.

Ақидаҳои сотсиологии ӯ ба пси­хологизм ва «назарияи омилҳо» қаробат доранд. Дар масъалаи сиёсат ва этика ақидаҳои либерализми буржуазиро дастгирӣ намуда, назарияе, ки мувофиқи он ҷамъият ва давлат ба зуҳури қобилияту истеъдоди фардии шахс халал мерасо­нанд, рад мекард. Муборизаи фаъолона бар зидди фашизм, рӯҳияи зиддиимпериалистӣ доштан, оштинопазирӣ нисбат ба ҷанг, зӯрӣ, ис­тифодаи методҳои истилогарона дар сиёсати байналхалқӣ аз ҷиҳатҳои назарраси фаъолиятӣ иҷтимоию сиёсии Рассел буданд.

Рассел яке аз ташаббускорони Ҳаракати Пагуошӣ, тарафдори қувваҳои прогрессивии ҷамъият — муборизони роҳи манъи яроқи ядроӣ ва ҳамзистии осоишта буд. Лауреати Мукофоти нобелӣ дар соҳаи адабиёт (1950).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …