Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕСПУБЛИКАИ АВТОНОМИИ Советии Сотсиалистӣ

РЕСПУБЛИКАИ АВТОНОМИИ Советии Сотсиалистӣ

РЕСПУБЛИКАИ АВТОНОМИИ Советии Сотсиалистӣ (РАСС), давлати милии советии сотсиалистӣ, ки ба ҳайати республикаи иттифоқӣ дохил шуда, ҳокимияти давлатиро на дар доираи ҳуқуқҳои республикаи иттифоқӣ, балки дар асосҳои автономӣ ба амал мебарорад. Дар Союз Советских Социалистических Республик СССР 20 Республикаи Автономии Совети Стсиалистӣ мавҷуд аст (1978). Аз ҷумла 16-то дар Республикаи Советии Федеративии Соотсиалистии Россия: Бошқирдистон (таъсисаш 23 марти 1919), Бурятистон (таъсисаш            30 маи 1923), Доғистон(таъсисаш 20 январи  1921), Кабардаю Балқар (таъсисаш 5 декабри 1936), Қалмиқ (таъсисаш 22 октябри 1935), Карелия (таъсисаш 25 июли 1923), Коми- (таъсисаш 5 декабри 1936), Мари (таъсисаш 5 декабри 1936), Мордова (таъсисаш 20 декабри 1934), Осетияи Шимолӣ (таъсисаш 5 декабри 1936), Тотористон (таъсисаш 20 маи 1920), Тува (таъсисаш 9 октябри 1961), Удмурт (таъсисаш 28 декабри 1934) Чечену Ингуш (таъсисаш 5 декабри1936), Чувашистон (таъсисаш 21 апрели 1925), Еқутистон (таъсисаш 27 апрели 1922); 1-то дар Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон— Қароқалпоқис-тон (таъсисаш 20 марти 1932); 2-то дар Республикаи Советии Сотсиалитсии Гурҷистон— Абхазистон (таъсисаш 4 марти 1921) ва Оҷористон (таъсисаш 16 июли 1921); 1-то дар Республикаи Советии Сотсиалитсии Озарбойҷон— Нахҷувон (таъсисаш 9 феврали 1924).

sovietcentralasia1922ru-svg

Республикаи Автономии Советии Сотсиалистӣ бо масоҳати территория, шумора ва зичии аҳолӣ, ҳайати миллӣ ва аз рӯи аломатҳои дигар (масалан, гузаштаи таърихӣ, дараҷаи инкишофи иқтисодӣ ва ғайра) аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аз ҷиҳати дигар онҳо як қатор аломатҳои муҳими умумӣ доранд.

Республикаи Автономии Советии Сотсиалистӣ РАСС дар ҳайати республикаи иттифоқӣ ҳамчун давлати миллӣ амал мекунад. Вай территория, конститутсия, органҳои олии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ; Совети олӣ, Президиуми Совети Олӣ, Совети Вазирон, Суди олӣ, прокурор, қонунгузории худро дорад. Ҳар як гражданини Республикаи Автономии Сотсиалистии Сотсиалистӣ дар айни замон гражданини баробарҳуқуқи республикаи дахлдори иттифоқӣ ва Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР мобошад. Республикаи Автономии Советии Сотсиалистӣ РАСС ҳуқуқи аз ҳайати Союз Советских Социалистических Республик СССР баромадан, бо давлатҳои хориҷӣ бевосита робита доштан, ба гражданӣ қабул намуданро надорад, зеро вай субъекти федератсия — Союз Советских Социалистических Республик СССР намебошад.

Республикаи Автономии Советии Сотсиалистӣ РАСС яке аз шаклҳои давлатдории миллӣ буда, дар он соҳибихтиёрии миллат таҷассум ёфтааст ва ин ба республикаи иттифоқӣ монанд будани онро нишон медиҳад. Республикаи Автономии Сотсиалистии Сотсиалистӣ РАСС ҳамчун шакли сиёсии автономӣ (ба мисли республикаи иттифоқӣ) баъзо ваколатҳои мустасно дорад. ҳуқуқи Республикаи Автономии Советии Сотсиалистӣ РАСС дар асоси конститусияи худи он муайян карда мешавад. Республикаи автономӣ берун аз доираи ҳуқуқҳои Союз Советских Социалистических Республик СССР ва республикаи иттифоқӣ ҳамон масъалаҳоеро мустақилона ҳал карда метавонад, ки дар ихтиёрӣ он мебошанд. Республикаи Автономии Советии Сотсиалистӣ РАСС дар ҳалли масъалаҳое, ки ба ихтиёри Союз Советских Социалистических Республик СССР ва республикаи иттифоқӣ дода шудаанд, иштирок карда дар тер-риторияи худ тараққиёти комплексии иқтисодӣ ва сотсиалиро таъмин, ба кори дар ҳамин территория ба амал баровардани ваколатҳои Союз Советских Социалистических Республик СССР ва республикаи иттифоқӣ мусоидат менамояд, қарорҳои органҳои олии ҳокимияти давлативу идоракунии Союз Советских Социалистических Республик СССР ва республикаи иттифоқиро ба ҳаёт татбиқ мекунад (моддаи 83 Конститутсияи Союз Советских Социалистических Республик СССР). Территорияи республикаи автономиро бе розигии он тағйир додан мумкин нест. Республикаи Автономии Советии Сотсиалистӣ РАСС ба Совети Миллатҳои Совети Олии Союз Советских Социалистических Республик СССР, сарфи назар аз шумораи аҳолиаш, 11 нафар, ба Совети Олӣ бошад, аз рӯи шумораи аҳолиаш депутат интихоб мекунад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …