Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСПЕ Рудолф Эрих

РАСПЕ Рудолф Эрих

raspe-r-e

РАСПЕ (Разре) Рудолф Эрих (1737, Ганновер —1794, Макросе, Ирландия), нависандаи немис. Аз маҷмӯаи «Ҳамсафари одамони хушзавқ» (1781—1783) қиссаҳои саргузашти барои Мюнҳаузенро соли 1876 ба англисӣ тарҷума карда, бе имзо чоп кунонд. Сюжетҳоеро, ки манбаашон эҷодиёти халқ, латифаҳои атиқӣ, шарқӣ ва ғайра мебошанд ба зиндагӣ ва аъмоли шахси таърихӣ — барои К. Ф. Мюнҳаузен (дар армияи рус хидмат мекард) марбут сохта, таълифи китобро ба ӯ нисбат додааст (то ҳол муаллифи аслии ин асар маълум нест). Номи Мюнҳаузен ҳамчун ҳикоятгари дурӯғгӯи гузаро дар бай­ни мардум маълуму машҳур гаштааст. «Саргузашти барои Мюнҳаузен» ба забони тоҷикӣ солҳои 1935, 1950, 1967 тарҷума шуда, ба табъ расидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …