Маълумоти охирин
Главная / Биология / Ангури РАСМӢ

Ангури РАСМӢ

РАСМӢ, як навъ ангури дерпазак. Селексияи халқӣ. Асосан дар районҳои гурӯҳи Ғарм, водии Ҳисор, вилояти Ленинободи РСС Тоҷикистон мерӯяд.

Токаш миёнасабз, 18—56% навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш байзашакли панҷпарра, хӯшааш миёна ва баъзан калон (240—300 г). Донааш миёнаи мудаввар ё байзашакл, сергӯшти сершира, ширину туршак; пӯсташ ғафс. Расм гармидӯст ва серҳосил буда, дар заминҳои серхоку лалмӣ ва нишебиҳо нағз месабзад. Май гул карда, сентябр— октябр мепазад. Даври нашваш 128—140 рӯз. Ба ҳисоби миёна 16—17 т/га ҳосил медиҳад. Асосан барои тархӯрӣ, майкашӣ истифода мебаранд. Бештар аз ҷел ва антракноз зарар мебинад.

Ад.: Кириллов И, Ф. (ва диг.], Виноградарство Таджикистана, Д., 1969.

Н. Шукуров.

angur

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …