Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСАДХОНАИ ИСФАҲОН

РАСАДХОНАИ ИСФАҲОН

РАСАДХОНАИ ИСФАҲОН, расад­хонаи азиме буд, ки соли 1074 бо амри султон Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ ва вазири ӯ Низомулмулк таҳти роҳбарии Умари Хайём бунёд ёфтааст. Дар Расадхонаи Исфаҳон мунаҷҷимони маъруфи он замон Хоҷа Абӯҳотам, Музаффар ибни Исмоили Исфизорӣ, Ибни Наҷиби Воситӣ кор ва эҷод кардаанд. Муҳимтарин вазтфаи расадхона тасҳеҳ ва тартиб додани тақвими нави шамсӣ буд, ки дар он оғози сол Наврӯз бояд ҳамеша ба нуқтаи эътидоли баҳорӣ мувофиқ меомад. Ба Хайём ва шогирдони ӯ муяссар гардид, ки дар асоси мушоҳидаи ҳаракати зоҳирии солонаи Офтоб чунин тақвимро тартиб диҳанд, ки он аз 15 марти 1079 ба расмият даромад ва дар таърих бо номи «Тақвими Ҷалолӣ» машҳур гардид. Ниг. Татувим.

Давомати сол дар «Тақвими Ҷалолӣ» ба 365, 24242 шаборӯз баро­бар буд, ки он аз давомати соли тропикӣ (365, 2422 шаборӯз) ҳамагӣ 0,0002 шаборӯз бештар асту бас ва дар 4500 сол ба як шаборӯз фарқ мекард. Пас аз кушта шудани Масликшоҳ соли 1092 кори расадхона низ қатъ гардид. Ниг. Зиҷи Маликшоҳӣ.

  1. Абдуллозода.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …