Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАНВЕ Габриел

РАНВЕ Габриел

РАНВЕ (Panvie;) Габриел (8. 7. 1828, Божи, Шер—27. 11. 1879, Париж), аъзои Коммунаи Париж, бланкичӣ. Рассом. Дар давраи Парижро муҳосира кардани қӯшунҳои Прус­сия (1870) командири баталёни Гвардият миллӣ буд. Яке аз ташкилотчиёни шӯриши 31 октябри 1870 6а муқобили «ҳукумати мудофиаи миллӣ». Аъзои КМ 20 округ ва КМ Гвардияи миллӣ, Комиссияи ҳарбии Коммунаи Париж, Комитети наҷот додани ҷамъият. Дар рӯзҳои «ҳафтаи май» роҳбари муборизаи мусаллаҳи округи XIX (Белвил) буд. Баъди шикасти Коммуна ба Британияи Кабир муҳоҷират кард.

Соли 1871 ғоибона ба бадарға ва баъд (1874) ба қатл маҳкум шуд. Ноябри 1871 ба ҳайати Шӯрои генералии Интернатсионали 1 дохил шуд. Ба қарори Конгресси Гаага (1872) дар бораи кӯчонидани Шурои генералӣ ба Ню-Йорк розӣ нашуда, аз Интернатсионал баромад. Соли 1879 ба Франсия баргашт.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …