Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАНОВ Вадим Александрович

РАНОВ Вадим Александрович

ranov-v-a

РАНОВ Вадим Александрович (таваллудаш 16. 2. 1924, шаҳри Верхотурияи вилояти Свердлов), бостоншиноси со­ветӣ, муҳаққиқи таърихи асри санги Осиёи Миёна. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1945. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Солҳои 1954 факултети таъриху филологияи УДТ-ро хатм кар­дааст. Аз соли 1954 лаборант, ходими калони илмӣ ва аз соли 1971 мудири сектори археология ва нумизмати­каи Университети таърихи АФ РСС Тоҷикистон Тадқиқоти Ранов асосан ба масъалаҳои хронологияю даврабандии ас­ри санги Осиёи Миёна ва робитаи маданию таърихии мардуми аҳди қадими ин сарзамин бо мамлакатҳои Шарқи хориҷа оид аст. Якчанд сол боз ба отряду экспедитсияҳои археологӣ сардорӣ мекунад. Аз соли 1973 ин ҷониб ҷонишини сардори Экспедитмияи археологии ҷануби Тоҷикистон мебошад. Ранов як қатор қабргоҳҳои машҳури Осиёи Миёна, ба ҷумла Ошхона, Оғзикичик, Тутқавул, Қаратоғ, Лоҳутӣ ва ғайраро кашфу таҳқиқ кардааст. Муаллифи бештар аз 300 мақолаю асари илмӣ ва илмии оммавист. Яке аз муаллифони асари бисёрҷилдаи «Таъ­рихи халқи тоҷик» мебошад. Ранов иштирокчии якчанд конгрессу симпозиумҳои байналхалқӣ ва умумииттифоқист. Бо 2 ордени Ситораи Сурх ва Грамотаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукифотонида шуда­аст.

Ос.: Древности Кайраккумов, Д., 1962 (ҳамроҳи А. П. Окладников ва Б. А. Литвинский); Каменный век Таджикис­тана, Д., 1965; Археологи на крыше ми­ра, Д., 1967; Палеолит и антрологеп Средней Азии (ҳамроқи С. А. Несмея­нов), Д., 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …