Маълумоти охирин

РАНГ

ghesha

РАНГ, ғеша (Саreх pachyslilis), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи тешаҳо. Пояаш сеқирра, 10—30 см қад мекашад. Баргаш борик (дарозиаш 5— 10 см, дар ҷойҳои сернам то 30—40 см, бараш 2—4 мм), хӯшагулаш саракмонанди бӯр I (аз 4—7 хӯшача иборатаст), донаш мудаввар (дарози­аш 2—3 мм), сиёҳтоб. Ранг хе­ле серҳосил (дар 1 м2 рангзор то 2—2,5 ҳазор дона) аст. Вале Ранг аз тухм қариб ҳеҷ зиёд намешавад. Асосан бо роҳи нашвӣ (вегетативӣ) меафзояд. Моҳҳои феврал—март гул карда, апрел— май дон мебандад.

Ранг асоси нимсаваннаи алафзори пасти минтақаи хокаш хокистарии кушод ва сиёзтоби Осиёи Миёна аст. Ҳар минтақаи аз 300 то 1200 м аз сатҳи баҳр махсусан Ранг ҷузъи асосии алафзор аст.

Аз 1 га рангзор зиёда аз 200 с хошок тайёр мекунанд. Ранг (дар давраи гул) то 22% протеин, 10—12% қанд, 2—3% равған дорад ва барои моли майда хӯроки аълосифат аст. Фитомассаи решаи Ранг назар ба баргу пояаш 15—20 маротиба зиёдаст. Массаи асосии реша дар қабати 0—5 см ҷойгир аст ва хокро аз обшӯй шудан эмин медорад.

Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 2, М.—Л., 1063; Си н ь к о в с к ий Л. П., К биологии и экологии осок пустынных местообитаний Средней Азии, «Изв. АН Таджикской ССР», в. 3, 1961; Попов К. П., Биологические особенности осо­ки пустынной (Сагех pachystllis lay) в Южном Таджикистане, «Изв. АН Тад­жикской ССР», 1971, М 2. К. П. Попов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …