Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАМЗИИ ИСФАҲОНӢ

РАМЗИИ ИСФАҲОНӢ

РАМЗИИ ИСФАҲОНӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Маълумоти: тарҷу- маиҳолӣ дар бораи Рамзии Исфаҳонӣ хеле кам аст. Тазкиранависон аз ӯ ҳамчун шоири ғазалсарои давр, яке аз бузургони шаҳри Исфаҳон ёд мекунанд. Дар Дум вафот кардааст. Ашъори парокандаи Рамзии Исфаҳонӣ дар тазкираву баёзҳо сабт гардидааст. Ин абёт аз ӯст:

То зулф ба рӯи суман он симтан андохт,

Оташ ба дили нофаи мушки Хутан андохт.

Аз қомату рухсори туаш шарм Наёмад,

Он кас, ки назар ҷониби сарву суман андохт.

***

Суоле кардам аз лаъли лабат, н-омад ҷавоб аз ту,

Ҷавоби ман бидеҳ охир, гуноҳ аз ман савоб аз ту.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …