Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАМУЗӢ Мирашрафи Самар­қандӣ

РАМУЗӢ Мирашрафи Самар­қандӣ

РАМУЗӢ  Мирашрафи Самар­қандӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1599), шоири тоҷик. Дар ашъораш «Рамузӣ», «Мирра музӣ» ва «Ашрафӣ» тахаллус кардааст. Ба қавли тазкиранависон (Мутрибӣ) Рамузӣ дар шеър хушсалиқаю рамузфаҳм, табъаш бағоят дақиқ ва суханаш санҷида будааст. Ба шаҳру кишварҳои Осиёи Миёна сафарҳо карда, бо аксари шоирони замонаш робитаи эҷодӣ доштааст. Аз Рамузӣ якчанд ғазалу абёти пароканда то замони мо расидааст. Рамузӣ донандаи арӯз буда, қитъаҳои таърих, муаммоҳо месурудааст. Оид ба муаммо якчанд рисолаҳо доштааст.

Ад.: Суханварони Сайқали рӯи замин, Д,, 1979.

Г. Шаҳобов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …