Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Достони «РАМАЯНА»

Достони «РАМАЯНА»

ramajana

«РАМАЯНА», достони эпикии ҳиндии қадим ба санскрит; ба шахси ривоятӣ, шоири Ҳиндустони Қадим Вадмики нисбат дода мешавад. Тақрибан дар асри 4 то мелод дар Ҳиндустони Шарқӣ офарида шудааст; нусхаи имрӯзааш дар асри 2 мураттаб гардидааст. Дар асрҳои миёна «Рамаяна» яке аз китобҳои муқаддаси виш­нуизм гардид. «Рамаяна» аз қаҳрамониҳои Рама ҳикоят мекунад. Рама паҳлавони ҷасуру пурзӯрест, ки аз Ҳиндустони Шимолӣ ба ҷазираи Ланка (Шри-Ланка) барои аз банди асорати Раванаи ҷодугар озод намудани завҷааш —Сита ҳуҷум намуда, ба мақсад мерасад. Воқеоти зиёди дос­тон дар атрофи ҳамин хатти сюжет тасвир шудааст. Баъзеҳо мӯътақиданд, ки дар «Рамаяна» воҷеоти таърихӣ — ҳаракати қабилаҳои ориёӣ ба Ҳиндустони Ҷанубӣ ва задухӯрдҳои онҳо бо қабилаҳои муқимии он ноҳия инъикос ёфтааст. Дар «Рамаяна» ривояту асотир ва афсонаҳо бо ҳодисаву воқеаҳои давраи офариниши асар омехта қаламдод шуда­анд. «Рамаяна» баъд аз «Маҳабҳарата» дуюмин достони бузурги эпикии ҳин­дӣ мебошад, ки дараҷаи наву баландтари пешрафти иҷтимоӣ ва маданиро таҷассум менамояд. Қисмҳои асосии «Рамаяна» аз ҷиҳати сохту мундариҷа мукаммаланд. Бешубҳа, ин қисмҳо ба қалами муаллифи ҷудогонае мансубанд. «Рамаяна» аз ҷиҳати шакли бадеӣ мукаммал буда, аз воситаҳои тасвири бадеӣ бой аст. Аз ин ҷост, ки «Рамаяна» дар адабиёти ҳиндӣ яке аз машҳуртарин acapҳо мебошад. Дар асрҳои миёна «Рамаяна» дар Тибет, Хитой ва мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ интишор ёфт. Дар асоси «Рамаяна» нависандагони ҳинд Калидаса, Бҳавабҳути, Бҳатти асарҳо офаридаанд. Дар осори динии буд­доӣ ва ҷайнӣ «Рамаяна» мавриди истифода қарор гирифтааст. «РАмаяна» ба забонҳои банголӣ, малаялӣ, маратҳӣ ва берун аз хоки Ҳиндустон ба забони явании қадим тарҷума шудааст. Дар асоси тарҷумаи явании ин ёдгории адабӣ ба забонҳои кҳмерӣ, таӣ, малаӣ ва дигар забонҳои Ҳинду- хитою Индонезия эпосҳои қаҳрамонӣ ба миён омаданд.

Нашр: Махабхарата. Рамаяна. М., 1974; Три великих сказания Древней Индии, М., 1978.

Ад.: ГринцерП. А., Махабхарата и Рамаяна, М., 1970; дамон муалл., Древнеиндийский эпос, М., 1974,

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …