Маълумоти охирин
Главная / Техника / РАКЕТАИ ЯДРОӢ

РАКЕТАИ ЯДРОӢ

РАКЕТАИ ЯДРОӢ, ракетаест, ки бо ёрии муҳаррики ракетии ядро (МРЯ) ҳаракат мекунад. Истифодаи МРЯ имкон медиҳад, ки назар ба мавриди истифодаи муҳаррики ра­кетии химиявб (МРХ) хеле бештар импулси хос (суръати ихроҷ) ва қувваи кашиши калон ҳосил карда шавад.

raketai-yadroi

Дар муҳаррики ракетие, ки ре­актори ядроӣ дорад, гармии дар натиҷаи реаксияи занҷирии порашавӣ ҷудошуда ба ҷисми кори (масалан, ба гидроген) дода мешавад; зонаи фаъоли реактори ядроӣ дар фазаи сахт (бунёди ин гуна муҳаррик қариб аст), моеъ ва газӣ буда метавонад. Ракетаи ядроӣ бояд бо ҳимояирадиатсионӣ аз нурафкании реактори ядроӣ (алалхусус дар сурати экипаж дош­тани ракета) таъмин бошад. Ракетаи ядроӣ алҳол дар зинаи озмоишу тадқиқ аст. Ниг. низ Муҳаррики ракетӣ, Ракета.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …