Маълумоти охирин
Главная / Техника / РАКЕТАИ БАЙНИҚИТЪАВӢ

РАКЕТАИ БАЙНИҚИТЪАВӢ

raketai-baynikitavi

РАКЕТАИ БАЙНИҚИТЪАВӢ, ракетаи баллистикии стратегии идора- шавандаест, ки ба ракетаҳои синфи «замину замин» мансуб аст (ниг. Аслиҳаи ракетӣ). Дурии парвози он беш аз 10 ҳазор км мебошад. Ракетаи байниқитъавӣ барот нобуд кардани объектҳои хеле дур таъин шудааст; ҳамаи раке­таҳои байниқитъавӣ серзина мебошанд. Массаи Ракетаи байниқитъавӣ ҳангоми старт 100—150 т буда, то 3,2 т бори муфидро бурда метавонад. Дар ИМА Ракетаи байниқитъавӣ чун ракетаҳои баранда барои ба мадор баровардани объектҳот кайҳонӣ истифода шудаанд. Масалан, ракетаҳои байниқитъавии «Атлас» ва «Титан» киштиҳои кайҳонии америкоӣ «Меркурий» ва «Ҷемини»-ро ба мадор баровардаанд. Ниг. низ Ракета.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …