Маълумоти охирин

РАҶАЗ

РАҶАЗ (арабӣ — изтироб, суръат), номи баҳрест аз 19 баҳри арӯз. Рукни аслии он мустафъилун (— V—) буда, маъмултарин зоҳофҳои он 8-то мебошанд (махбун — мафоилун, матвӣ — муфтаилун, мақтӯъ — мафъӯлун, музол — мустафъилон, матвии музол — муфтаилон, махбуни музол — мафоилон, мураффал — мус- тафъилотун,    муттавал — мустафъилотон). Шеърҳои ба вазни баҳри Раҷаз навишташударо арабҳо дар маъракаҳо ва ҷангҳо ба васфи мардонагӣ ва шуҷоати қабилаҳои худ мехонданд. Дар адабиёти классикии форс-тоҷик ва адабиёти советии тоҷик мазмуну мундариҷаи шеърҳои ба вазии баҳри Раҷаз офаридашуда дигар ва доираи истифодаи он васеътар гардидааст. Мисолҳо оид ба баҳри Раҷаз :

  1. Раҷази мусаммани солим

( У-А     V-/       У—/    V-)

Эй чеҳраи  зебои ту, рашки бутони озарӣ,

Ҳарчанд васфат мекунам, дар хусн аз он болотарй.

(Хусрави Деҳлавй).

  1. Раҷази мусаммани матвии маҳбун

(—УУ—/V—V—/—ӮУ—/V—V—)

Мутриби хушнаво, бигӯ тоза ба тоза, нав ба нав.

Бодаи дилкушо биҷӯ тоза ба тоза, нав ба нав. (Ҳофиз).

  1. Раҷази мусаддаси махбун

( V—V—/V—V—/V—V—)

Зи қалби поку рӯҳи пурҷилои мо

Дуруди мо ба ҳизби раҳнамои мо.

(Лоҳутӣ).

  1. Раҷази мусаммани матвӣ

(—ӮУ—(—уу—!—уу—I—уу—)

Мешукуфад гул ба чаманҳои насими саҳарӣ.

Ваҳ, чи шавад гар нафасе паҳлуи мо бода хӯрй. (Сайфи).

Адабиёт: С и р у с Б., Арӯзи тоҷикӣ, Душанбе, 1963; Зеҳнӣ Т.,    Санъати сухан, Душанбе, 1979.

С. Имронов,

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …