Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҶАБОВ Зариф Шарифович

РАҶАБОВ Зариф Шарифович

РАҶАБОВ Зариф Шарифович, (таваллуд  17. 07. 1906, шаҳри Хуҷанд), муаррихи советии тоҷик, доктори илмҳои таърих (1959), профессор (1960), академик Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  (1962; аъзо-корреспондент аз соли 1951), Ходими Хизматнишондодаи Илми Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1964), Лауреати Мукофоти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  ба воми Абуалӣ ибни Сино (1967). Аъзои Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1947. Аввал дар мактаби русии маҳаллӣ, баъд дар мактабҳои советӣ таҳсил намуда, соли 1924 Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Самарқандро тамом кардааст. Солҳои 1925—28 дар факултети коргарии Институти дуюми Москва таҳсил кард. Соли 1932 шӯъбаи таърихи Институти таъриху фалсафаи Москваро хатм намуд. Раҷабов муаллим ва мудири қисми илмии Академияи педагогии шаҳри Душанбе (1932), аспиранти Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Союз Советских Социалистических Республик СССР (1933— 37) буд. Солҳои 1937—41 мудири кафедраи таърихи Союз Советских Социалистических Республик СССР-и Институти тоҷикии муаллимтайёркунии шаҳри Тошкент, ходими калони илмӣ, мудири шӯъба, котиби илмии Институти забон, адабиёт ва таърихи Филиали ӯзбекистонии Академияи Фанҳои Союз Советских Социалистических Республик СССР. Солҳои 1943—45 директори Институти таърих ва археологияи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон, 1945—47 докторанти Институти таърихи Академияи Фанҳои Союз Советских Социалистических Республик СССР, 1948 —54 ректори Университети Давлатии Тоҷикистон, 1954—59 мудири кафедраи таърихи Союз Советских Социалистических Республик СССР-и университети номбурда, 1959—62 директори Институти таърихи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Солҳои 1962— 71 академик-котиби Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон   ва аз соли 1971 ходими калони илмии Шӯъбаи фалсафаи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  мебошад. Раҷабов олими нурмаҳсул буда, зиёда аз 300 асари илмӣ ва илмии оммавӣ навиштааст. Раҷабов фаъолияти эҷодии худро чун нависанда, драматург сар карда, бо тахаллуси Дунган якчанд ҳикояю драма менависад. Фаъолияти илмии Раҷабов соҳаҳои гуногуни илми таърихро дар бар мегирад. Тадқиқи масъалаи афкори ҷамъиятии халқҳои тоҷику ӯзбек дар фаъолияти илмии ӯ ҷои махсусро ишғол ме-намояд. Ӯ дар асарҳояш дустии халқҳои Союз Советских Социалистических Республик СССР-ро тараннум карда, мақоми халқи кабири русро дар тақдири халқҳои Осиёи Миёна, ёрии беғаразонаи онро возеҳ нишон додааст. Раҷабов доир ба масъалаҳои мухталифи таърихи маданият ва илми Тоҷикистон низ асарҳо офаридааст. Яке аз муаллифон ва муҳаррирони асари сеҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик». Аз соли 1955 аъзои Комитети миллии муаррихони Союз Советских Социалистических Республик СССР мебошад. Аъзои ҳайати асосии таҳририяи ЭСТ (1969). Раҷабов дар тараққиёти маорифи республика хизмати калон кардааст. Бо роҳбарии илмии ӯ қариб 50 нафар номзади илм ва зиёда аз 10 нафар доктори илм ба камол расидаанд. Депутати Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  (даъватҳои 3—4) интихоб шудааст. Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Советн Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  ва Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон  мукофотонида шудааст.

Адабиёт: Аз таърихи афкори ҷамъиятӣ-сиёсии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри 19 ва аввали асри 20, Сталинобод, 1959; Туркестан на страницах большевистских газет периода первой русской революции (1905—07), Душанбе, 1970; Маорифпарвар Аҳмади Дониш, Душанбе, 1964. М. Бобохонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …