Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҶАБОВ Саттор

РАҶАБОВ Саттор

РАҶАБОВ Саттор (таваллуд 1927 деҳаи Бештеппаи райони Регар), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1946). Аъзои Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1953. Раҷабов солҳои 1940—50 колхозчӣ, сардори звено, 1950—53 хонандаи Мактаби миёнаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон буд. Аз соли 1953 агрономи колхози ба номи М. И. Калинини райони Регар. Звенои Раҷабов солҳои 1943—46 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо 2 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …