Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҶАБОВ Солоҳ Ашӯрхоҷаевич

РАҶАБОВ Солоҳ Ашӯрхоҷаевич

РАҶАБОВ Солоҳ Ашӯрхоҷаевич (таваллуд 11. 10. 1912, Хуҷанд, Ленинободи ҳозира), ҳуқуқшиноси советӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ (1949),  профессор (1950),  академики  Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1957).

Ходими Хизматнишондодаи Илми Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  (1961). Аъзои Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1939. Институти сохтмони советӣ ва ҳуқуқро дар Тошкент хатм намудааст (4933). Муаллим, баъд дирек-тори Институти ҳуқуқшиносии Тошкент (1936—40), солҳои 1940—43 хизмат дар сафи Армияи Советӣ. Директори Институти ҳуқуқшиносии Тошкент (4943 —45, 1949—54); докторанти Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи Фанҳои Союз Советских Социалистических Республик СССР (1946— 49), мудири кафедраи факултети ҳуқуқшиносии Университети Осиёи Миёна (1955— 56); ректори Университети Давлатии Тоҷикистон (1956—71), солҳои 1973—75 ҷонишини Сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик. Аз соли 1975 академик-котиби фонҳои ҷамъиятии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Аз соли 1971 аъзои Президиуми Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон.

Раҷабов беш аз 250 асари илмӣ таълиф кардааст. Тадқиқоти Раҷабов ба масъалаҳои назария ва таърихи давлату ҳуқуқи советӣ, Конститутсияи советӣ, федератсияи советии сотсиалистӣ, сохти давлатию ҳуқуқии республикаҳои Осиёи Миёна, назарияи ленинии инкишофи ғайрикапиталистӣ ва татбиқи он дар сохтмони миллӣ-давлатӣ, мақоми Давлати Советӣ дар ҷараёни гузаштани мамлакатҳои қафомонда аз феодализм ба сотсиализм, масъалаҳои ташкилу тараққии республикаҳои Осиёи Миёна ва ғайра оиданд. Асарҳои алоҳидаи Раҷабов дар Москва ва Париж ба забонҳои англисӣ, франсавӣ ва испанӣ нашр гардидаанд. Раҷабов муаллиф ва аъзои кол-лективи муаллифони китобҳои дарсӣ ва монографияҳои коллективи доир ба таърихи таълимоти сиёсӣ, таърихи давлат ва ҳуқуқи Союз Советских Социалистических Республик СССР, ҳуқуқи давлатии советӣ, якчанд тадқиқотҳои таърихию партиявӣ мебошад. Раҷабов борҳо дар конгрессу конференсия ва симпозиумҳои байналхалқӣ бахшида ба масъалаҳои ҳамзистии осоишта ва инкишофи иҷтимоию сиёсӣ, сиёсати сулҳҷӯёнаи Давлати Советӣ ва тараққиёти системаҳои сиёсӣ ва ғайра баромад ва иштирок кардааст. Депутати Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  (даъватҳои 7—8). Дар съездҳои 12—14-уми Партияи Коммунистии Тоҷикистон аъзои Комитети Марказӣ интихоб шудааст. Лауреати Мукофоти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1970). Бо 5 ордени «Нишони Фахрӣ», 11 медали Союз Советских Социалистических Республик СССР ва бисёр мукофотҳои ҳукуматии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  ва Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон Ӯзбекистон сарфароз шудааст.

Асос: Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёри советӣ, Сталинобод, 1959; Владимир  Илич  Ленин ва ғалабаи сотсиализм дар Республикаҳои Шарқи советӣ, Душанбе, 1970; Конститутсияи нави Союз Советских Социалистических Республик СССР — Конститутсияи сотсиализми мутараққӣ, Душанбе, 1978; Қонуни ҳаёти республика, Душанбе, 1984; Роль великого русского народа в исторических судьбах народов Средней Азии, Ташкент, 1955; Национальная государственность союзных республик, Москва, 1968; Владимир  Илич  Ленин и советская национальная государственность, Душанбе, 1970; Советское государственное право, Москва, 1972 (ҳамон муаллиф); Теория Советского государства, Душанбе, 1978 (ҳамон муаллиф); Национально-государственное устройство Союз Советских Социалистических Республик СССР, Душанбе, 1980; Социали-стическое общенародное государство, Душанбе, 1982.

Адабиёт: С. А. Раджабов—ученый, педагог, общественный деятель, Душанбе, 1982; С. А. Раджабову —70 лет. Журнал «Советское государство и право», № 2, 1983.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …