Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҶАБОВ Наврӯз

РАҶАБОВ Наврӯз

РАҶАБОВ Наврӯз (таваллуд 1922, деҳаи Эсизи Поёни райони Мастчоҳ), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1965), Устоди пахтаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1963). Аъзои Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1947. Иштирокчии Ҷанги          Бузурги Ватанӣ. Раҷабов солҳои 1939—41 муаллим, 1964—67 раиси колхози «Зарафшон» (собиқ колхози ба но-ми И Висарионович Сталин), 1967—72 директори совхози «Правда» ва аз соли 1972 раиси колхози «Зарафшон»-и райони Мастчоҳ Колхозе, ки Раҷабов роҳбарӣ мекунад, ҳар сол ҳосили баланди пахта ба даст меорад. Депутати Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  (даъвати 6). Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 2)ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …