Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҶАБӢ Юнус

РАҶАБӢ Юнус

rajabi-yu

РАҶАБӢ Юнус (17. 1. 1897, Тошкент — 23. 4 1976), бастакор, сароянда ва навозандаи советии ӯзбек.

Академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон. (1966). Артисти Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон (1958). Раҷабӣ дар мадраса, баъдтар дар Консерваторияи халқии Туркистон (1919—22), курси тайёрии Мактаби олии мусиқии Тошкент (1934), курси бастакорони шаҳри Москва (1940—41) таҳсил кардааст. Мусиқиро аз Мирзоқосими Ҳофиз, Ш. Шоумаров, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Тӯйчии Ҳофиз ва Домулло Ҳалим Ибодов омӯхтааст. Муаллими мусиқии Омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд (1923 25), роҳбари мусиқии театри Самарқанд (1925—26), роҳбари бадеии Ансамбли асбобҳои халқии назди Комитети радиои Ӯзбекистон (1927—59), ташкилотчӣ ва роҳбари бадеии Ансамбли мақомхонони назди Комитети давлатии телевизион ва радиои Ӯзбекистон. (1959—76). Раҷабӣ дар ташаккули драмаи мусиқии ӯзбек саҳми калон гузоштааст. Ба намоишномаҳои «Фарҳод ва Ширин»-и Хуршед (1922—25, бо ҳамкории Ш. Шоумаров), «Лайлӣ ва Маҷнун”-и Хуршед (1926), 4Рустам»-и У. Исмоилов (1933), «Аваз»-и А. Ҳидоятов (1935), «Холисхон»-и Ҳамза (1940), дар асоси сурудҳои халқӣ оҳанг эҷод кардааст. Баъдтар мусиқии драмаҳои «Қучқор Турдиев» (С. Абдулло ва Чустӣ, 1942, бо ҳамкории  Б. Надеждин), «Қасос» (А. Умарӣ ва Уйгун, 1941), «Фарҳод ва Ширин» (К. Яшин, 1944, бо ҳам- кории Г. Мушел), «Муқаннаъ» (Ҳ. Олимҷон, 1943, бо ҳамкории С. Ҷа- лил), «Навоӣ дар Астаробод» (И. Махсумов, 1968) ва ғайраро офарид. Раҷабӣ муаллифи оҳангҳо, таронаҳо, асарҳо барои хор ва маршҳо мебошад. Масалан, оҳанги сурудҳои «Субҳи Октябр», «Замони мо», «Ёр-ёр», «Тӯй дар Мирзочӯл», «Ӯзбекистон», «Суруд ба васфи қаҳрамонон», «Дӯстии халқҳо», «Баҳор омад», «Барги гул», мусиқии рақсҳои «Баёти рақс», «Дугоҳи рақс», «Пахта» ва ғайра маҳсули эҷодиёти ӯ мебошапд. Раҷабӣ ҳамчун сароянда ва навозанда низ машҳур аст. Дар репертуари ӯ тарона ва силсилаи оҳангҳо аз мақомҳои «Гиря», «Нолиш», «Кӯчабоғӣ», «Курд», «Қаландарӣ», «Шаҳнози Гулёр», «Баёт», «Дугоҳи Ҳусайнӣ», «Чоргоҳ», «Мискин» ва ғайра мавқеи намоён доранд. Хизмати Раҷабӣ хусусан дар ҷамъоварии мероси мусиқии ӯзбек калон аст. Солҳои 1955—59 Раҷабӣ асари панҷҷилдаи «Мусиқии халқи ӯзбек»-ро нашр намуд.

Ӯ нашри нави «Шашмақом»-ро (бо таҳрири Ф. Кароматов) дар шаш ҷилд ба чоп тайёр кард (1966—74). Бо ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст. Лауреати Мукофоти давлатии ба номи Ҳамзаи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекитсон (1973).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …