Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / РЕСПУБЛИКАИ АФРИКАИ ҶАНУБӢ

РЕСПУБЛИКАИ АФРИКАИ ҶАНУБӢ

raj

РЕСПУБЛИКАИ  АФРИКАИ ҶАНУБӢ, давлатест дар Африкаи Ҷанубӣ. Дар Шимол бо Ботсвана ва Родезияи Ҷанубӣ (Зимбабве), дар Шимоли Шарқ бо Мозамбик ва Свазиленд, дар Шимоли Ғарб бо Намибия (Африкаи Ҷанубӣ-Ғарбӣ) ҳамсарҳад аст. Аз Ғарб уқёнуси Атлантик, аз Шарқ уқёнуси Ҳинд иҳота кардааст. Масоҳаташ 1221 ҳазор километр2. Аҳолиаш 33 миллион наф. (1983). Пойтахташ — шаҳри Претория, қароргоҳи парламент— шаҳри Кейптуан. Аз ҷиҳати маъмурӣ  ба 4 музофот тақсим шудааст: Капа, Натал, Норанҷӣ ва Трансваал. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонб Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ  Намибияро ғайриқонунӣ ғасб кард ва аз соли 1949 онро чун музофоти худ идора мекунад.

Сохти давлатӣ. Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ давлати фа-шистию нажодпарасти буржуазияи англисию африкоӣ дар асоси қонуни репрессивӣ ҳуқуқ ва озодиҳои буржуазӣ-демократиро барҳам додааст, нисбат ба аҳолии бисёрмиллионаи ғайриевропоӣ сиёсати апартхейдро мегузаронад. Ин сиёсат бо конститутсияи ҳозираи Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ, ки 1961 қабул шуда буд, ба ҳукми қонун дароварда шудааст.

Сардори давлат — президент ба мӯҳлати 7 сол, парламент ба мӯҳлати 5 сол интихоб карда мешавад, ки он аз сенат ва палатаи маҷлисҳо иборат аст. Фақат гражданҳои сафедпӯсте, ки синнашон ба 18 расидааст, ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд.

Мувофиқи программаи ба бантустонҳо ҷуддо кардани территорияи Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ, ки қисми таркибии сиёсати апартхейд аст, дар районҳои «сиёҳпӯстон» аз рӯи нишонаҳои қабилавӣ ба ном 10 бантустон барпо карда шуд, ки онҳо мустамликаҳои дохилии империализми Африкаи Ҷанубӣ мебошанд; ҳар кадоми онҳоро генерал-комиссар, ки ӯро президенти Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ таъин менамояд, идора мекунад.

Табиат. Релефи Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ асосан аз пуштакӯҳу паҳнкӯҳҳо иборат аст, ки онҳо ба пастии соҳил ва паст-хамии Карруи Калон нишеб шуда мераванд. Дар. Ҷануб кӯҳҳои Капа (баландиаш 2326 метр) воқеанд. Дар Шарқ камари кӯҳ хеле барҷаста аст ва он кӯҳҳои Аждар ном гирифтааст (кӯҳи Қуллаи Каткин, 3660 метр). Иқлимаш тропикӣ, дар Ҷануб субтропикӣ. Ҳарорати миёнаи моҳона дар паҳнкӯҳ аз 7— 10*Селсия то 18—27*Селсия, боришоти солона 150—750 миллиметр.  Дар субтропикҳо ҳарорати миёнаи моҳона 13—21°Селсия, боришоти солона то 700 миллиметр. Дар соҳили шарқӣ ва нишебиҳои шарқии кӯҳҳои Аждар боришоти солона 1000—2000 миллиметр. Дар соҳили уқёнуси Атлантик боришоти солона қариб 100 миллиметр. Дарёҳои калон: Норанҷӣ (бо шохобаш Вааль) ва Лимпопо. Дар соҳили шарқӣ — саваннаи муқаррарӣ, ҷанубтари 30* а. ш.— бешаҳои субтропикӣ ва буттаҳои ҳамешасабз, дар нишебиҳои кӯҳҳо — бешаҳои субтропикии муссонӣ. Дар ноҳияҳои дохилӣ — саваннаҳои ба биёбон табдилёфта, ним-биёбонҳои буттагӣ ва биёбонҳо. Олами ҳайвоноти Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ аз дахолати одамон хеле тағйир ёфта, аксари ҳайвонҳо танҳо дар мамнӯъгоҳҳои калонтарини Крюгер, Калахари-Гемсбок боқӣ мондаанд.

Аҳолӣ. Қариб 72% аҳолӣ аз халқҳои африкоии оилаи бантузабон иборат мебошад; бушменҳо ва готтентотҳо низ зиндагӣ мекунанд. Қариб 10% аҳоли дурагаҳо, зиёда аз 16% сафедпӯстон, қариб 2% ҳиндиҳо мебошанд. Забонҳои расмӣ — африкои ва англисӣ, зиёда аз 50% африкоиҳо ба дину оини маҳаллӣ эътиқод доранд, аҳолии боқимонда — асосан насронӣ. Аҳолии ғайриевропоӣ таъқиб карда мешавад. Барои истиқомати африкоиҳо ва одамони нажодашон гуногун дар шаҳрҳо локасияҳо —геттоҳо ҷудо карда шудаанд, ки калонтарини он Соуэто (дар наздикии шаҳри Йоханнесбург) мебошад. Дар Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ 16 шаҳр ҳаст, ки аҳолии онҳо зиёда аз 100 ҳазор нафар мебошад, Шаҳрҳои калон: Дурбан, Кейптаун, Йоханнесбург, Претория, Порт-Элизабет.

Очерки таърихӣ. Аввалин сокинони Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ готтентотҳо (худ койкой гӯянд) ва бушменҳо (сан), инчунин халқҳои банту будапд. Сараввал Ширкати голлаидии Ост-Индия ба мустамлика кардани РАҶ шурӯъ намуд ва соли 1652 дар территорияи он колопили Капаро барпо памуд, ки дар он африканер-ҳо (бурҳо) ҳукмрон шуданд. Дар охири асри 18 ва аввали асри 19 колонияи Капаро Британияи Кабир забт кард. Муборизаи халқҳои Африка бар зидди мустамликадорони истилогар дар асри 17 аз исёни қабилаҳои готтентотҳои соҳибихтиёр ва гуломони шӯришгар оғоз ёфт. Ҷангҳои байни қабилаи коса ва мустамликадорони европоӣ (чангҳои Кафр) аз охири асри 18 то охири асри 19 давом кард. Зиддиятҳои байни бурҳо ва ҳукуматдорони англис, инчунин бекор карда шудани ғуломдорӣ (1834), ки хоҷагии бурҳо бар он асос ёфта буд, дар охири солҳои 30 асри 19 ба он оварда расонд, ки оммаи васеи бурҳо аз колонияи Капа ба шимоли мамлакат кӯчида, заминҳои аҳолии маҳаллиро забт намуда, республикаҳои худро ташкил карданд. Яке аз он республикаҳо Натал буд, ки онро Британияи Кабир соли 1843 зердаст кард, республикаҳои дигар солҳои 50 ба давлати озоди Норанҷӣ ва Трансваал муттаҳид карда шуданд. Тез шудани бозори алмосу тилло (охири солҳои 60 ва миёнаи солҳои 70) боиси ба ин маҳал кӯчидани шумораи зиёди европоиён гардида, ба тараққиёти саноати маъдани кӯҳӣ, савдо, сохтмони роҳи оҳан мусоидат кард. Британияи Кабир солҳои 70—80 асри 19 территорияи соҳибихтиёри бантуёни Африкаи Ҷанубиро истило намуда, ба муқобили қабилаҳои зулу, коса, басуто ҷангҳои шадид сар кард. Кӯшишҳои чандинкаратаи мустамликадорони Англия, ки республикаҳои бурҳоро зердаст кар-данӣ мешуданд, ба ҷанги англисҳо ва бурҳо (1899—1902) оварда расонд. Англисҳо Трансваал ва Давлати озоди Норанҷиро забт карданд. Соли 1910 колонияи Англия ва собиқ республикаҳои бурҳо ба доминиони Иттифоқи Африкаи Ҷанубӣ (ИАҶ) дар ҳайати Британияи Кабир муттаҳид шуданд. Дар мамлакат режими на-жодпарастӣ ва сегрегасияи (ҷудокунии) аҳолии ғаириевропоӣ муқар-рар гардид. Ҳукумати Л. Бота (1910 —19) як қатор тадбирҳои поймолкунандаи ҳуқуқҳои нажодиро ба амал баровард. Қонуни соли 1913 оид ба замин, ки ҳудуди заминҳои бантуҳоро муқаррар карда буд, ба африкоиҳо берун аа резерватҳо замин доштанро манъ кард ва дар амал баршинаи африкоиҳоро, ки дар заминҳои фермерҳои сафедпӯст зиндагӣ мекарданд, қонунӣ гардонд.

Давраи баъди ташаккули Иттифоқи Африкаи Ҷанубӣ ИАҶ ав-ҷи ҳаракати коргарӣ буд.  Солҳои 1909 —10 Партияи лейбористии Африкаи Ҷанубӣ таъсис ёфта, коргарони сафедпӯстро муттаҳид кард. Дар мубориза бар зидди системаи зулму асорат соли 1912 дар заминаи «конгрессҳои маҳаллӣ” Конгресси маҳаллии Африкаи Ҷанубӣ таъсис ёфт (аз соли 1925 Конгресси миллии Африка, КМА) номида мешавад. Соли 1915 Лигаи интернатсионалии сотсиалистӣ ташкил шуд, ки он барои интернатсионализм дар ҳаракати коргарӣ, бар зидди сиёсати ҳукумати Иттифоқи Африкаи Ҷанубӣ ИАҶ мубо-риза мебурд. Соли 1921 Партияи Коммуннстии Африкаи Ҷанубӣ — нахустин дар Африка партияи пролетарии сернажод таъсис ёфт. Баъди дар Германия муқаррар гардидани диктатураи фашистӣ (1933) дар Иттифоқи Африкаи Ҷанубӣ ИАҶ ҳаракати фашистӣ вусъат ёфт, таъсири ташкилоти миллатчиёни ашадии бурҳо «Брудербонд» («Иттифоқи бародарон») ва ғайра пурқувват гардид. Соли 1948 баъди ба сари ҳокимият омадани Партияи миллатчигӣ (таъсисаш 1913), ки сиёсати апартхейдро расман эълон кард, реаксия хело қувват гирифт. «Қонун оид ба пахш намудани коммунизм» (1950) фаъолияти Партияи коммунистиро манъ кард. Соли 1955 бо кӯшиши ташки-лотҳои тараққипарвар Конгресси халқҳои Африкаи Ҷанубӣ даъват ва дар он программаи умумӣ — Хартияи озодӣ қабул карда шуд. Ин программа пурра барҳам додани поймолкунии ҳуқуқҳои нажодӣ ва азнавсозиҳои демократӣ ва иҷтимоию иқтисодиро тақозо дошт. Соли 1959 барои африкоиҳо зӯран бантустонҳо — резерватсияҳо барпо карданд, ки ҳуқуқи худидоракунии онҳо маҳдуд аст. Конгресси миллии Африка КМА аз соли 1960 дар пинҳонкорист. Соли 1961 зери фишори мамлакатҳои Африкаю Осиё — аъзоёни Иттиҳоди Британия, ки бар зидди режими нажодпарасти дар Иттифоқи Африкаи Ҷанубӣ  ИАҶ мубориза мебурданд, ҳукумати Иттифоқи Африкаи Ҷанубӣ ИАҶ маҷбур шуд аз ҳайати Иттиҳод барояд ва мамлакатро Республикап Африкаи Ҷанубӣ ( РАҶ) эълон намояд. Бар хилофи қарори Ассамблеяи Генералии ТДМ (1906) Иттифоқи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ истилои ғайриқонунии Намибияро давом медиҳад. Доираҳои иртиҷоии Ғарб ба дидани чораҳои қатъии зидди Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ монеъ мешаванд. Солҳои 70 муборизаи сиёсӣ  ва корпартоиҳои меҳнаткашони Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ, ки ба он Партияи Коммунистии Африкаи Ҷанубӣ ПКАҶ ва Конгресси миллии Африка КМА роҳбарӣ мекунанд, боз ҳам авҷ гирифт.

Партияҳои сиёсӣ, ташкилотҳо ва иттифоқҳои касаба. П а р т и я и миллатгароӣ (аз соли 1948), партияи ҳукмрон. Соли 1913 таъсис ёфтааст. Манфиатҳои доираҳои реаксионии буржуазияи калони сано-атӣ, молиявӣ ва буржуазияи деҳотро ҳимоя менамояд. П а р т и я и миллатгарои  муҷаддад. Соли 1969 ходимони ултрарост таъсир карданд. Партияи прогрессивӣ-федералӣ (ППФ). Соли 1977 дар натиҷаи муттаҳид шудани Партияи прогрессивӣ-реформистӣ бо группировкаи аз собиқ Партияи муттаҳида ҷудошуда таъсис ёфтааст. Партияи нави республикавӣ (ПНР). Таъсисаш 1977. Партияи Коммунистии Африкаи Ҷанубӣ (ПКАҶ). Таъсисаш 1921. Аз соли 1950 пинҳонкорост. Конгресси м и л л и и  А ф р и к а (Конгресси миллии Африка КМА) — партияи револютсионӣ-демократии аҳолии Африка. Таъсисаш 1912. Аз соли 1960 пинҳонкор аст. Барон барҳам додани режими нажодпарастӣ ва ташкили давлати домократии сернажод мубориза мобарад. Конгресси панафрикоӣ, таъсисаш соли 1959. Ташкилоти халқииАзания, таъсисаш соли 1978. К о м и т е т и даҳнафар. Конгресси иттифоқҳои касабаи Африкаи Ҷанубӣ (САКТУ) — иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи тараққипарвар, ки барои ягонагии тамоми меҳнаткашони мамлакат мубориза мебарад. Таъсисаш 1955. Дар амал манъ карда шудааст. Конфедератсияи Республикаи Африкаи Ҷанубӣ Р А Ҷ (таъсисош 1957) ва Совети иттифоқҳои к а с а-баи Африкаи Ҷанубӣ (таъсисаш 1954) асосан иттифоқҳои касабаи рост ва реформистии аристократияи коргарии сафедпӯстро муттаҳид мекунад.

Хоҷагӣ. Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ мамлакати индустриалию аграрӣ буда, дар Африка яке аз давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикардаест. Дар иқтисодиёти мамлакат капитали монополистии хориҷӣ ва маҳаллӣ роли асосӣ мебозад. Саноати маъдани кӯҳӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқ мебошад. Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ дар байни мамлакатҳои капиталистӣ ва тараққикунанда аз ҷиҳати истихроҷи тилло, металлҳои гурӯҳи платина, хромит, маъдани манган, сурма, алмоси заргар ҷои якумро мегирад. Инчунин уран, мис, асбест, ванадий, никел, нуқра ва ғайра истихроҷ карда мешавад.  Ангиштсанг асоси захираи сӯзишворию энергетика мебошад; зиёда аз 98% қувваи электрро Гидро Электростансия ГЭС-ҳо истеҳсол менамояд (119,7 миллиард килоВаттсоат, соли 1982).  Дар Африка нахустин стансияи электрикии атомӣ сохта мешавад (1980).  Аз соҳаҳои саноат мошинсозӣ ва коркарди металл (истеҳсоли таҷҳизоти саноати кӯҳӣ, кранҳои борбардор ва ғайра), металлургияи сиёҳ ва ранга, химия, бофандагӣ ва саноати хӯрокворӣ бештар тараққӣ кардаанд. Мар-казҳои асосии саноатӣ: Йоханнесбург, Претория, Фандербейлпарк, Кейптаун, Дурбан, Порт-Элизавет-Xоҷагии қишлоқ манбаи асосии зиндагии аҳолии маҳаллӣ мебошад. Хоҷагиҳои сермаҳсули сафедпӯстон ва дар бандустонҳо ҳоҷагиҳои каммаҳсули африкоиҳо мавҷуданд. Қариб 40% замин ба хоҷагиҳои фермерӣ, ки ҳар кадом зиё-да аз 4 ҳазор гектар замин дорад, мансуб аст. Заминҳои киштшаванда 10— 15%, зироатҳои бисёрсола қариб 1%, марғзору чарогоҳҳо 70% территорияро ташкил мекунад. )зироатҳои асосии хоҷагии қишлоқ: ҷуворимакка, гандум, найшакар. Боғдорӣ ва токпарварӣ (асосан дар ҷануби ғарби музофоти Капа), ситруспарвари (Трансваал) ривоҷ ёфтаанд. Чорводорӣ низ тараққӣ кардааст. Соли 1982 ин қадар сар чорво буд (ба ҳисоби миллион сар): гов — 12,2, бузу гӯсфанд — 37,0. Паррандапарварӣ низ ривоҷ ёфтааст. Тӯли роҳи оҳан 23 ҳазор километр (1981). Дарозии роҳи автомобилгард 186 ҳазор километр, аз он ҷумла роҳи асфалтпӯш 4 ҳазор километр. Бандарҳои калон: Дурбан, Ричардс-Бой, Салданя, Кейптаун, Порт-Элизабет. Ба хориҷа тилло, ашёи минералӣ, хӯрокворӣ, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти заргарӣ, металл экспорт карда мешавад. Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ асосан бо Британияи Кабир, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Республикаи ФедеративииГермания, Япония ва Франсия савдо мекунад. Воҳиди пул-р э н д и Африкаи Ҷанубӣ.

Нигаҳдории тандурустӣ. Соли 1971 таваллуд ба 1000 сокини нажоди экваторӣ 35,6, фавт 13,4, фавти кӯдакон ба 1000 кӯдаки навзод 122,1 нафар буд; барои ҳиндиҳо мувофиқан 33,8, 8,8 ва 20,9 мебошад. Касалиҳои сил, тифи ҳаспадор ва ғайра паҳн шудаанд.

Соли 1973 дар Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ  788 муассисаи табобатии дорои 156,2 ҳазор кат (6,4 кат ба 1 ҳазор сокин) буд. 12 ҳазор духтур (1 духтур ба 2 ҳазор сокин), 1,7 ҳазор духтури дандон, 4,8 ҳазор фармасевт ва дигар кор мекарданд. Духтуронро 5 факултети университетҳо тайёр мекунанд.

Маориф. Маорифи Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ аз рӯи нишонаҳои ирқӣ ташкил карда шудааст; кӯдакони сафедпӯст, нажоди экваторӣ, банту ва ҳиндӣ (халқи маҳаллӣ) дар мактабҳои гуногун аз рӯи программа ва китобҳои дарсии махсус таълим мегиранд. Барои бачагони сафедпӯст таълими ҳатмии 9-сола (аэ 7 то 16-сола) ҷорист. Соли 1976 барои тамоми африкоиҳо (аз 7 то 11-сола) таълими ҳатмии 4-сола, барои бачагони нажоди экваторӣ ва ҳиндиҳо таълими гуногунмӯҳлат (дар музофоти Наталь аз 7 то 16-сола, дар музофоти Капа аз 7-то 14-сола) ҷорӣ карда шудааст. Дар муассисаҳои томактабӣ асосан кӯдакони сафедпӯст тарбия меёбанд.

Соли 1975 дар Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ ин қадар мактаби давлатӣ буд: 2.386 мактаб барои 871.401 хонандаи сафедпӯст, 2.270 мактаб барои 820.386 хонандаи нажоди экваторӣ ва ҳиндӣ, 11.823 мактаб барои 3.699.000 хонандаи банту. Мактабҳои хусусӣ: 57 мактаб барои 44.076 хонандаи сафедпӯст, 1.310 мактаб барои 216.639 хонандаи нажоди экваторӣ, 173 мактаб барои 53.511 хонандаи ҳиндӣ, 416 мактаб барои 80.904 хонандаи банту. С. 1973 дар 26 коллеҷи техникӣ 19.571 студенти сафедпӯст, дар 5 коллеҷи техникй 2.841 студенти нажоди экваторӣ ва дар 1 коллеҷи техникӣ 6.978 студенти ҳиндӣ, дар 2 коллеҷи техникӣ  ва 42 омӯзишгоҳи ҳунармандӣ 4600 хонандаи банту (1974) таҳсил мекарданд. Соли 1975 дар 23 коллеҷи педагогӣ 11.611 студентони сафедпӯст ва дар 16 коллеҷи педагогӣ 5.108 студенти нажоди экваторӣ, дар 38 коллеҷ 14.680 студенти банту таҳсил карданд, ки ин коллеҷҳо муаллим тайёр мекунанд. Маълумоти олӣ дар 16 университет дода мошавад. Университетҳои  калонтарин: Университети  Претория (таъсисаш 1908), Университети Столленбос (таъсисаш 1918), Университети Витватерсранд дар Йоханнесбург (таъсисаш 1922), Университети Кейптаун (таъсисаш 1829). Музейҳо ва нигористон: Музеи миллӣ дар Блумфоитейн, Музеи таърихи табиати Африкаи Ҷанубӣ дар Кейптаун, Музеи таърихи маданияти Африкаи Ҷанубӣ дар Кейптаун, Нигористони миллӣ ва ғайра. Китобхонаҳои калон: Китобхонаи оммавии Кейптаун, Китобхонаи оммавии Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ дар Блумфонтейн, Китобхонаи шаҳрии Кейптаун, Китобхонаи университети Кейптаун ва ғайра.

Матбуот, радио ва телевизион. Мувофиқи маълумотҳои расмӣ соли 1977 дар Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ зиёда аз 20 газетаи калони ҳаррӯза аз чоп мебаромад. Газетаҳои ҳаррӯзаи бонуфуз ба забони африкоӣ: «Трансвалер» («01е ТгавзуаЬг» аз соли 1937), «Фадерланд» («ГМе Уабег-1ашЗ» аз 1914), «Брюгер» («Охе Виг-£ег» аз 1915) ва ғайра. Ҳамаи ин газетаҳо нуқтаи назари партияи миллат-чигиро ҳимоя мекунанд. Газетаҳои ҳаррӯзае, ки ба забони англисӣ чоп мешаванд: «Ранд денли мейл» («Напб ЬаПу МаИ» аз 1902). «Стар» («ТЬе 81аг» аз 1887). «Аргус» («ТЬо Агдиз» аз 1857) ва ғайра. Барномаҳои радиоро ширкати радиошунавонии Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ мешунавонад, таъсисаш 1936. Телевизион аз январи 1976 кор мекунад.

Адабиёт. Асосан ба забони англисӣ ва африкансӣ, инчунин ба забонҳои халқҳои банту инкишоф ёфтааст. Фолклори Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ аз эпоси қаҳрамонӣ, афсонаҳо, зарбулмасал ва мақолаҳо иборат аст. Насри О. Шрайнер (1855—1920) бар зидди мустамликадорӣ нигаронида шуда буд. Дар романҳои Т. Мофоло (1877—1948), Ҷ-Дубе (вафот 1946), Р. Зломо (таваллуд 1901) ва шеърҳои Б. У. Вилакази (1906—47) таърихи халқҳои банту, ғояи муттаҳидшавии онҳо инъикос ёфтаанд. Ёддоштҳои нахустмуҳоҷирон, шеърҳои С. Я. Дю Туа (1847— 1911), романҳои Ф. Э. Селлирс (1865 —1940) ба таърихи бурҳо бахшида шудаанд.  Пешравиҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳаракатҳои коргарӣ шавқу ҳаваси нависандагонро ба ҳаёти халқ афзуд: Й. ван Брюгген (1881—1957), П. Схуман (таваллуд 1904), Н. ван Вейк Лаув (таваллуд 1906), антифашист Э. Крихе (таваллуд 1910) ба назм тобишҳои гражданӣ доданд. Нависандаҳои тараққипарвар А. Пситон (таваллуд 1903), Ҷ. Коуп (таваллуд 1913), Э. Мпахлеле (таваллуд 1919), П. Г. Абрахамс (таваллуд 1919), Н. Гордимер (таваллуд 1923), А. Ла Гума (таваллуд 1925) ва дигар бар зидди нажодпарасӣ ва нобаробарҳу-қуқии иҷтимоӣ мубориза мебурданд.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ.

Дар территорияи Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ аз давраҳои қадим расмҳои рӯи харсангҳо боқӣ мондаанд. Меъморӣ дар миёнаи асри 17 дар колонияи Када инкишоф ёфт, ки ин ҷо дар асрҳои 17—18 посёлкаҳо дар равияи меъмории голландӣ ва дар охири асри 18 бо услуби Ренессании франсавӣ сохта шуданд. Дар асри 19 шаҳрҳо босуръат бунёд ёфта биноҳои онҳо бо услуби зклектизм сохта мешуданд (то ибтидои асри 20). Солҳои 1920 биносозии функсионалистӣ ба миён меояд. Аз солҳои 30 меъмори бо услуби меъмории европоӣ ва америкоӣ инкишоф меёбад. Краал намуди асосии поселкаи халқӣ мебошад (дар марказ — қӯра барои чорво, дар атрофи он бошад, биноҳои истиқоматӣ ва хоҷагӣ ҷойгиранд). Санъати тасвирӣ зери таъсири эҷодиёти санъаткорони европоӣ, ки аз охири асри 18 дар Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ кор мекарданд, ташаккул ёфтааст. Ж. Секото, Кекана рассомони намоёнтарин мебо-шанд. Дар Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ мактаби рассомии Ндалени вуҷуд дорад. Дар мамлакат ҳунарҳои зерин маъмуланд: коркарди металл, кулолӣ, чармгарӣ.

Мусиқӣ. Маданияти мусиқии Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ аз осори мусиқии сокинони таҳҷоии Африкаи Ҷанубӣ, аҳолии сафедпӯст ва ҳиндиҳо иборат аст. Намудҳои кӯҳнаи мусиқии бушменҳову готтентотҳо ва санъати муосир (сурудҳои зулу, коса, ансамбли ксилофончиён ва ғайра) вуҷуд доранд. Сиёсати доираҳои ҳукмрони апартхейд ба пешравии маданияти миллии Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ имконият намедиҳад.

Театр. Санъати театрӣ дар асоси маросимҳои маишию динӣ, мусиқӣ, рақсу сурудҳои қадимае, ки дар деҳот маҳфуз мондаанд, ташаккул ёфтааст. Дар асарҳои мусиқии замонавии барои театр эҷодкардаи бастакорон анъанаҳои миллӣ идома ёфтаанд. Дастаҳои театрӣ аа ҳаваскорони бадеӣ ташкил ёфтанд. Дар спектаклҳои «Кинг-Конг», «Рӯз ба шаб иваз мешавад» ва ғайра муборизаи зидди таҳқир ва миллатчигӣ инъи кос ёфтаанд.

Мавзӯи асарҳои театр Республикаи Африкаи Ҷанубии РАҶ зид-диятҳои тезу тунди фоҷиавӣ буда, ба он профессионализми драматургӣ хос аст. Дар мусиқии ин спектаклҳо шаклҳои нави санъати мусиқии замонавии Африка бо шаклҳои операи Европа зич алоқаманд мебошад. Спектакли «Кинг-Конг»-1 Мачкиз (1959) асари беҳтарини саҳнавии Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ мебошад. Санъати Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ дар шароити хеле душвор (дар- давраи муборизаи зидди сиёсати нажодпарастии ҳукумат) инкишоф меёбад. Артистони африкоӣ бар зидди на-жодпарастӣ мубориза мебаранд.

Кино. Аввалин филмҳои бадеии беовози «Колонистҳо» (1916) ва «Рамзи қурбонӣ» (1918) аз боби Африкаи Ҷанубиро истило намудани бурҳо ва англисҳо ҳикоят мекарданд. Ин филмҳо монанди филмҳои минбаъдаи  Республикаи Африкаи Ҷанубӣ РАҶ афзалияти истилогарони сафедпӯстро тарғиб менамоянд. Филмҳои таърихии «Диндака» (1967) ва «Маҷуба» (1968) намунаи пропагандаи империалистӣ мебошанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …