Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲМОНОВ Раҳим

РАҲМОНОВ Раҳим

РАҲМОНОВ Раҳим (таваллуд 1910, деҳаи Вогати райони Ӯротеппа), дорандаи се ордени Шараф. Аз оилаи деҳқон. Аъзои Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1945. То давраи ҷанг дар колхози «Янги йӯл”-и райони Ӯротеппа (ҳоло колхози ба номи Чапаев) кор кардааст. Аз соли 1942 дар сафи Армияи Со- ветӣ. Аскари қаторӣ. Пулемётчии полки тирандози 1178 собиқ дивизияи тирандозӣ 350. Бо ордени Шараф дараҷаи 3 барои гузаштан аз дарёи Буг ва нигоҳ доштани мавқеъ то омадани баталон мукофотонида шудааст. Раҳимов барои ҷангҳои озодкунии шаҳри Люблин ордени Шарафи дараҷаи 2, барои қаҳрамонӣ дар ҷанги кӯчаҳои Берлин ва нест кардани гурӯҳи калони солдатҳои гитлерӣ ба ордени Шарафи дараҷаи 1 сазовор гашт. Баъди ҷавоб шудан аз саф- ҳои армия то ҳозир дар колхози ба номи Чапаеви райони Ӯротеппа кор мекунад. Бо медалҳо мукофотонида шудааст.            Л. П. Сечкина.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …