Главная / Гуногун / РАҲМОНОВ Абдурозиқ

РАҲМОНОВ Абдурозиқ

РАҲМОНОВ Абдурозиқ (таваллуд 1907, деҳаи Қатағани ҳозира райони Хуҷанд, вилояти Ленинобод), пахтакор, ветерани сохтмони колхозӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957), Устоди пахтаи Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон (1958). Аъзои Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1941. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Солҳои 1935—42 ҷони- шини раиси колхози «Қизил Тоҷикистон» (ҳоло колхози ба номи А. А. Жданов) ва аз соли 1947 раиси колхози ба номи А. А. Жданови райони Қумсангир.

Раҳмонов дар инкишофи пахтакории район саҳми арзанда гузоштааст. Депутати Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати 4). Бо 4 ордени Ленин, ордени Ре- волютсияи Октябр, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 16 медал ва Гра- мотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.       А. Тошев.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.