Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲМИИ КОБУЛӢ

РАҲМИИ КОБУЛӢ

РАҲМИИ КОБУЛӢ (соли таваллуд номаълум, Кобул — вафот. 1547, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Самарқанд омад ва дар ҳамин ҷо ба кори эчодӣ шурӯъ намуд. Табъи шоирии Раҳмии  Кобулӣ то дараҷае баланд будааст, ки душманонаш аз рашку ҳасад ба ӯ заҳр додаанд. Поёни умрашро дар Кобул гузаронидааст. Аз эҷодиёти Раҳмии Кобулӣ байтҳои пароканда ва чанде ғазалҳо тавассути тазкираву баёзҳо боқӣ мондаанд. Шеърҳои ӯ равон ва пуробаранг мебошанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …