Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲМАТОВА Нуқра

РАҲМАТОВА Нуқра

rahmatova-nukra

РАҲМАТОВА Нуқра (таваллуд 2. 1. 1942, деҳаи Бартанги райони Рӯшони Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ), сарояндаи советии тоҷик (сопранои лирикӣ), Артисти Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон: (1977). Аввал ҳаваскор буд, аъзои дастаи ҳаваскорони санъати мактаби миёна. Соли 1958 солисткаи Ансамбли тарона ва рақси Помири Филармонияи давлатии Тоҷикистон. Солҳои 1963—67 донишҷӯи шӯъбаи вокалии Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе. Аз соли 1967 солисткаи Ансамбли мақомхонон. Репертуари Раҳматова аз сурудҳои халқҳои Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР (тоҷикӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, русӣ ва ғайра) ва шарқи хориҷӣ (афғонӣ, арабӣ, эронӣ) иборат аст. Дар ҳайати ҳунар-пешагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Иттифоқи Советӣ ва Афгонистон (1962, 1968, 1973), Муғулистон (1970), Сурия ва Ироқ (1977) бо программаҳои консертӣ баромад кардааст. Маҳорати сарояндагии ӯ махсусан дар иҷрои сурудҳои лирикӣ зоҳир мешавад. Раҳматова дар филми «Коваи оҳангар» (1960) роли духтари кӯҳсорро бозид. Раҳматова— иштирокчии Фестивали 6-уми уму-миҷаҳонии ҷавонон ва студентон дар Москва (1957) ва Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Қирғизистон (1976). Бо Грамотаҳои Фахрии Ко-митети Марказии Иттифоқҳои касаба ва Комитети телевизион ва ра-диои Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР мукофотонида шудааст.

А. Нуров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …