Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲМАТОВ Раҳимбой

РАҲМАТОВ Раҳимбой

rahmatov-ra

РАҲМАТОВ Раҳимбой (таваллуд 1906, деҳаи ҳозираи Шайхбурҳони райони Хуҷанди вилояти Ленинобод), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945), аз оилаи деҳқон. Пеш аз ҷанг дар комбинати шоҳибофии Ленинобод дуредгар буд. Августи 1941 ба сафи Армияи Советӣ даъват карда шуд. Раҳматов ҳамчун пулемётчии собиқ полки 47-уми гвардияи тирандозии дивизияи 15-ум дар озод намудани шаҳрҳои Харков, Днепропетровск, Кривой Рог ва дигар шаҳрҳои Украина мардонавор ҷангид. Махсусан корнамоии Раҳматов дар соҳили дарёи Одер (25 январи 1945), ки дар ҳолати ярадорӣ ҳам бештар аз сад нафар гитлерчиёнро нобуд кард, аз диловарии ӯ шаҳодат медиҳад.Раҳматов баъди аз фронт баргаштанаш дар заводи пахтатозакунии Ленинобод дуредгар шуда кор кард. Аз соли 1966 нафақахӯри шахсӣ. Бо ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …