Главная / Гуногун / РАҲМАТОВ Иброҳим Раҳматович

РАҲМАТОВ Иброҳим Раҳматович

РАҲМАТОВ Иброҳим Раҳматович (таваллуд 21. 2. 1921, Бухоро —11. 1.1980, Душанбе), журналист ва мутарҷими тоҷик, ветерани сохтмони маданӣ дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аълочии матбуоти Союз Советских Социалистических Республик СССР. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1944 Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст.

Соли 1936 баъди хатми Техникуми мардонаи шаҳри Душанбе ба факултети адабиёти Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Тарас Г. Шевченко дохил мешавад. Фаъолияти меҳнатии Раҳматов соли 1940 аз муаллимии мактаби миёна оғоз ёфтааст. Баъдтар дар вазифаҳои гуногуни соҳаи матбуот, нашриёт, радио ва телевизиони республика кор карда буд. Солҳои 1942—50 муҳаррири редаксияи ҷавонӣ, мудири шуъбаи гуфторҳои сиёсӣ, муовини раиси Комитети радиошунавонӣ дар назди Совети Вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон , солҳои 1950—51 муҳаррири газетаи «Пионери Тоҷикистон», 1951—54 муҳаррири гурӯҳи тоҷикии ТоҷикТА; 1954—56 котиби масъули журнали «Коммунисти Тоҷикистон», 1956—59  сармуҳаррири Нашриёти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, 1959—67 сармуҳаррири телевизиони тоҷик, 1967—69 ҷонишини сармуҳаррири нашриёти «Ирфон» буд. Аз рӯзи таъсиси Сарредаксияи илмии Эн-сиклопедияи Советии Тоҷик (1969) якчанд моҳ мудири редаксияи назорати илмӣ, баъд котиби масъул буд. Хизмати Раҳматов дар нашри осори классикони марксизм-ленинизм хеле калон аст. Вай дар таҳрир ва тарҷумаи якчанд ҷилди Асарҳои Владимир Илич Ленин ба забрни тоҷикӣ ширкат дошт. Раҳматов аз нахустин тарҷумон ва муҳаррирони киностудияи «Тоҷик-фильм» низ буд. Тарҷумаи чанд асари драматургӣ ва зиёда аз бист филми бадеӣ ба қалами ӯ тааллуқ дорад (филмҳои «Тақдири резидент» (1971), «Майдони Сурх (1971), «Дақиқаи хомӯшӣ» (1972), «Қиссаи муҳаббат» (1974) ва ғайра). Раҳматов табъи баланд дошт, шеърҳои бачагона, инчунин ҳикояҳо менавишт. Вай муаллифи достонҳои бачагонаи «Рӯбоҳ ва гург» (1948) ва «Пои кӣ зебо?» (1974) мебошад. Раҳматов достони бачагонаи шои-ри машҳури арман Сурен Муродян «Арӯсии муш» (1975), маҷмӯаи «Афсонаҳо» (1973)-и Ҳ. К. Андерсен ва дигарро ба тоҷикӣ тарҷума ва маҷмӯае аз ҳикоёти «Анвори Суҳаилӣ-ро бо номи «Ҳикоёти тамсилӣ* (1961) ба чоп тайёр кардааст. Раҳматов муаллифи як силсила мақолаҳои илмӣ оид ба тибби қадим («Ҳикмати тут»), оид ба шоҳмот («Аҳмади тахтабоз» 1965), оид ба тақвим («Календари рақамӣ», 1974) буда, бо номи «Баъзе аз қоидаҳои бозии шатранҷ» (дар шакли дастнавис) асаре дорад. Барои бачаҳо чандин песаҳои телевизионӣ навиштааст. Аз соли 1959 узви Иттифоқи журналистони Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР. Бо 3 медал ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  мукофотонида шудааст.

У. Тоиров.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …