Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲИМЗОДА Боқӣ

РАҲИМЗОДА Боқӣ

rahimzoda-b

РАҲИМЗОДА Боқӣ (15. 5. 1910, деҳаи Сорбоғи райони Ғарм—30. 1. 1980, Душанбе), шоири советии тоҷик, Шоири Халқии Тоҷикистон (1977). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Аз оилаи му- даррис. Барвақт аз падару модар сағир монд. Соли 1928 баъди хатми мактаби ибтидои ба Дущанбе омад ва дар заводи пахтатозакунӣ кор кард. Соли 1931 дар Самарқанд техникумро хатм кард. Солҳои 1933— 36 муалллми мактаби ибтидоии деҳаи Пашори райони Тавилдара, мудири мактаби деҳаи Хумдон, раиси иттифоқи касабаи муаллимон ва муаллими мактаби деҳаи Хилмонии райони Ғарм буд. Сипас таҳсилро дар Дорулмуаллимони тоҷикии Тошкент давом дод (1936—38). Соли 1938 муаллими Омӯзишгоҳи педагогии Ғарм таъин гардид. Солҳои 1939—41 дар Институти давлатии педагогии Душанбе маълумоти олӣ гирифт ва дар ҳамон ҷо муаллим шуд. Аз соли 1948 то охири ҳаёташ мушовири Институт Наук Тоҷикистон буд. Шеърҳояш аз охири солҳои 30 нашр мешаванд. Маҷмӯаи якуми Раҳимзода «Ба фронт» (1945,) навиштаҳои аввалин ва ашъори давраи ҷангии ӯро фаро гирифтааст. Пас аз як сол маҷмӯаи шеъру достонҳои шоир «Иди зафар» ва китоби очеркҳои ӯ «Дар водии Вахш» (ҳарду 1946) аз чоп баромаданд. Шеърҳои Раҳимзода «Суруди ғалаба», «Мактуб аз чойхонаи Берлин», балладаи «Чашмаи Ленин» ва ғайра дар маҷмӯаи «Кӯҳистони дурахшон» (1948) ҷамъ омадаанд. Дар ҳамаи ин шеъру очеркҳои Раҳимзода Ватани советӣ, диловариҳои Армияи сурх ва ғалабаи халқи советӣ бар фашизми Германия тараннум шудаанд. Дар китобҳои «Ҳаёт ва сухан» (1955), «Чашмасор» (1957; бо ҳуруфоти арабӣ, 1959), «Баҳори умр» (1960), «Боли ҳунар» (1963), «Барги сабз» (1965), ки ашъори солҳои охири шоирро дар бар мегиранд, ан- дешаҳои лирикии Раҳимзода аз ҳаёти республика ва одамони он ифода ёфтаанд. Раҳимзода соли 1964 ба шарафи 40-солагии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон достони «Роҳи нури офтоб»-ро (ҳамроҳи Мирзо Турсунзода) навишт. Достони «Эъҷози санъат», кя дар анъанаи назми классикист, рӯҳи баланди замонавӣ дорад. Ин достон соли 1971 ба мукофоти солонаи журнали «Огонёк» мушарраф гардид. Достони «Қиссаи кӯҳсор» дар эҷодиёти Раҳимзода марҳилаи нав мебошад. Ин достонҳо ва шеъру сурудҳои солҳои охири шоир дар маҷмӯаи «Қиссаи кӯҳсор» (1970) ба табъ расидаанд. Ли- рикаи тозаи Раҳимзода дар силсилаи «Илҳом» (1973) нашр шуд. Солҳои 1975— 76 куллиёти осори шоир дар ду ҷилд аз чоп баромад. Раҳимзода, пеш аз ҳама, шоири лирик аст. Вай образҳои анъанавии адабиёти классикии тоҷикро барои ифодаи мақсадҳои замони худ моҳирона истифода бурдааст. Лирикаи Раҳимзода соддаву самимӣ буда, бо юмори сабук омезиш меёбад («Айнаки сабз». «Як табассум нук» ва ғайра). Раҳимзода як силсила сурудҳои дилписанд дорад («Дар лаби обе», «Республикаи ман» ва ғайра). Дар шеъру достон ва сурудҳои Раҳимзода васфи Ленин, Револютсияи Октябр, дӯстии халқҳои Союз Советских Социалистических Республик СССР, сулҳ, нашъунамои Тоҷикистон, меҳнати деҳқону коргар ва ғайра аз мавзӯъҳои асосист. Раҳимзода ҳамчун драматург ҳам машҳур буда, дар мазаммати тамбалон, коргурезон ва урфу одатҳои кӯҳнаву бад мазҳакаҳои бисёре таълиф кардааст: «Қиссаи Таърифхоҷаев» (1953, ҳамроҳи Абулқосими Деҳотӣ), «Дар сояи шипанг» (1954, ҳамроҳи М. Рабиев), «Чинори гӯё» (1955), «Гаҳвораи тилло» (1956, ҳамроҳи С. Саидмуродов). Либреттои операи «Духтаре аз Душанбе» (1960, ҳамроҳи Ш. Қиёмов) ба қалами Раҳимзода тааллуқ дорад. Раҳимзода соли 1979 драмаи «Сияҳсавор»-ро офарид, ки дар он як лаҳзаи муҳими давраи коллективонии хоҷагиҳои яккадаст ва мубориза бо душманони синфӣ инъикос ёфтааст. Солҳои охир Раҳимзода ба наср рӯ оварда чанд ҳикоя ба миён овард, ки онҳо дар китоби «Аз саргузашти Соқӣ» (1973) ҷамъ омаданд. Як қисми ашъори ӯ ҳаҷвӣ буда, дар онҳо ба оҳанги сурудҳои халқӣ шахсони мусолиҳакору ваъ- дабоз, булҳавасу оилабезор мазаммат шудаанд («Соли нав муборак бо- шаде», «Ҷигӣ-ҷигӣ», «Соли наванда арзи нав», «Дилакам бобо» ва ғайра). Раҳимзода барои бачаҳо ҳам шеъру суруд ва таронаҳо офаридааст (манзумаҳои «Мусича ва рӯбоҳ», «Чашмаш ало шуд» ва ғайра). Раҳимзода муаллифи мақолаҳои танқидист. Шеъру достон- ҳои Раҳимзода ба забонҳои русӣ, халқҳои Союз Советских Социалистических Республик СССР ва хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Маҷмӯаҳои зеринаш ба забони русӣ баромадаанд: ,«Мои песни» (1951), «Родник» (1957), «Зеленый лист» (Москва, 1963), «Кошка- хвастунишка» (1963), «Пути солнечного луча» (1964, ҳамроҳи Мирзо Турсунзода), «Чудо» (1973), «С крыши мира» (1973). Ашъори Н. Тихонов, М. Светлов А. Сурков, Зулфия, Н. Хазрӣ ва дигар дар тарҷумаи Раҳимзода ба забони тоҷикӣ нашр шудаанд. Раҳимзода ус- тод ва мураббии ҷавонон буд. Бисёр китобҳои аввалини нависандаго- ни ҷавони тоҷик дар, таҳрири ӯ ба табъ расидаанд. Депутати Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъватҳои 6—9). Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», чаҳор медал мукофотонида шудааст. Лауреати Мукофоти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1974). Узви Институт Наук Союз Советских Социалистических Республик СССР аз соли 1940. Қабраш дар боғи Айнӣ.

Основание: Роҳи тайшуда, Душанбе1966; Қиссаи кӯҳсор, Душанбе, 1970; Куллиёт, ҷилдҳои 1—2, Душанбе, 1981—83.

Адабиёт: Амонов Р., Назми Боқӣ Раҳимзода дар солҳои чилум, дар китоби: «Эчодиёти бадеӣ, халқ ва замон»,Д ушанбе,

1970: Мусулмонқулов Р., Асоев X., Боқӣ Раҳимзода, Душанбе, 1970; X у д о йдодов Б., Шоир ва айёми мо, Душанбе. 1970.

В, Худойдодов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …