Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲИМОВА Ҷаннат Ӯруновна

РАҲИМОВА Ҷаннат Ӯруновна

РАҲИМОВА Ҷаннат Ӯруновна (таваллуд 1917, деҳаи Ёва, ҳозира райони Хуҷанд—20. 1. 1961, шаҳри Ленинобод), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, лейтенант. Аз оилаи деҳқон. Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1947.  Солҳои 1936—38 дар техникуми молия (ҳоло техникуми кооперативӣ)-и шаҳри Ленино- бод, 1939—41 дар Дорулмуаллимии тоҷикии шаҳри Тошканд таҳсил кардааст. Солҳои 1941 —42 муаллим, мудири қисми илмии мактаби миёнаи ба номи Максим Горкий шаҳри Ленинобод таъин шуд. Раҳимова соли 1943 ихтиёрӣ ба фронт рафта, дар ҷангҳон зидди фашистон диловариҳо нишон дод ва то Берлин расид. Солҳои 1949—50 котиби ташкилоти комсомолии институти муаллимии занонаи шаҳри Ленинобод, 1950—54 студенткаи факултети таърихи Институти давлатии педагогии Ленинобод, 1954—57 директори мактаби миёнаи № 1 ба номи Александр Сергеевич Пушкини шаҳри Ленинобод, 1957—61 ҷонишини мудири шӯъбаи маорифи халқи вилояти Ленинобод буд. Бо ордени «Нишони Фахрӣ», чандин грамотаҳои фахрӣ ва Грамотаҳои Преэидиумн Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, нишони «Аълочии маорифи халқ» (1958) мукофотонида шудааст.

А. Олимов.,

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …