Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲИМОВА Ибодат

РАҲИМОВА Ибодат

РАҲИМОВА Ибодат (таваллуд 12. 11. 1922, Хуҷанд, Ленинободи ҳозира), ходими партиявӣ ва давлатӣ. Аз оилаи коргар. Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1944. Соли1956 Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ва соли 1959 Мактаби олии партиявии назди Комитети Марказии Комунистическая Партия Советского Союза КПСС- ро дар Москва хатм кард.

Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1941 оғоз меёбад. То соли 1943 дар системаи маорифи халқ (аввал муаллима ва баъд мудири қисми илмии мактаби № 19-и райони Ленинобод) кор кард. Солҳои 1943—50 дар район, шаҳр ва вилояти Ленинобод инструктори комитети комсомолии район, инспектори комиҷроияи вилоят, мудири шӯъбаи кори байни занони комитети партиявии шаҳр, котиби якуми комитети комсомолии шаҳр, котиби дуюми комитети комсомолии вилоят буд. Солҳои 1950—54 котиби Комитети Марказии Ленинский Комитет Советской Молодёжи Тоҷикистон КМ ЛКСМ, 1954—57 котиби якуми Комитети Марказии Ленинский Комитет Советской Молодёжи КМ ЛКСМ Тоҷикистон. Солҳои 1959—60 ташкилотчии масъули шӯъбаи органҳои партиявӣ, ҷонишини мудири шӯъбаи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон. Солҳои 1960—64 котиби якуми Комитети партиявии райони Октябри шаҳри Душанбе, 1964—66 ҷонишини мудири шӯъбаи корҳои ташкилӣ-партиявии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон, 1966—78 котиби Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон  ва аъзои Бюрои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон. Солҳои 1978— 85 котиби Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Аз марти 1965 дар нафақа. Дар съездҳои 9—10 ва 13—19-ум аъзои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон интихоб шуд. Депутати Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъватҳои 3—10).

Бо ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 3 ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва бо Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …