Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲИМОВ Муллошариф

РАҲИМОВ Муллошариф

РАҲИМОВ Муллошариф (1902, райони Ёвон—18. 2. 1985, Душанбе), иштирокчии фаъоли Ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1940. Соли 1921 дар кори Комитети ре-волютсионии тумани Ёвон иштирок кард. Соли 1922 яке аз аввалинҳо шуда отряди ихтиёрӣ ташкил намуд ва ба муҳофизати Ҳокимияти Советӣ камар баст. Соли 1925 раиси Комитети револютсионии Ёвон, 1926 раиси Комиҷроияи вилояти Ҳисор интихоб гардид. Солҳои 1929—58 дар вазифаҳои роҳбарикунандаи советӣ ва хоҷагии Тоҷи-кистон буд. Аз соли 1959 нафақахӯри шахсӣ. Бо орденҳои Байрақи Сурх, Байрақи Сурхи Меҳнат, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 2), «Нишони Фахрӣ», ордени Республикаи Халқии Советии Бухоро, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. А. Қодиров, Ш. Ҷалилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …